Фарҳанг ҳастии миллат аст. Аз солрӯзи ҳунарманди мумтози тоҷик Туҳфа Фозилова сад сол сипарӣ гардид

Апрель 25, 2017 16:53

     «Санъати  баланди  эҷодию иҷроии Муҳаммадҷон Қосимов, Туҳфа Фозилова, Аҳмад Бобоқулов,  Азиза Азимова, Ғаффор Валаматзода, София Тӯйбоева,  Шоиста Муллоҷонова, Ҳанифа Мавлонова, Лутфӣ Кабирова, Лутфӣ  Зоҳидова, Малика Собирова  давраи заррини санъати  театр ва мусиқии  касбии тоҷик аст».

                                                                             Эмомалӣ Раҳмон   

 ДУШАНБЕ, 25. 04.2017/АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз, 25 апрели соли 2017 аз зодрӯзи яке аз ҳунармандони мумтози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Артисткаи халқии СССР, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ  шодравон Туҳфа Фозилова (1917-1984) сад сол сипарӣ гардид.

«Дар таъриху ҳунари сарояндагӣ ва саҳнаороии касбии садаи бисти тоҷик кам чеҳраҳоеро чун устоди саҳна ва ҳунарманди мумтоз Артисткаи халқии СССР Туҳфа Фозилова аз миёни бонувон метавон  дарёфт, ки фаъолияти эҷодиаш дар ду самти  санъат- театри касбӣ ва ҳунари  касбии мусиқӣ пурбору рангомез бошад»,-гуфт зимни  суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Аскаралӣ Раҷабов, санъатшинос, доктори илмҳои таърих.  Донишманди тоҷик афзуд, ки Туҳфа Фозилова бо ҳунари нотакрори саҳнаороию ҳунармандӣ дар рушди санъати мусиқӣ ва театри тоҷик саҳми шоиста дошта, дар баробари сарояндаи хушсалиқа будан,  дар ташаккули санъат ва мактаби актёрӣ, инчунин театри касбии тоҷик ба ҳайси устод нақши бузург гузошт.

Туҳфа Фозилова 25 апрели соли 1917  чашм ба олами ҳастӣ кушода,  муддате чанд дар  хонаи   бачагон тарбия ёфтааст. Ӯ тавассути  устодони бузурги мусиқӣ,  ба мисли Абдуқодир  Исмоилов  дониши ибтидоӣ ва миёнаро дар Тошканд гирифта,  аз овони  бачагӣ  бештар ба созу  овоз ва шеъру адаб  завқи зиёд дошт. Туҳфа Фозилова дар Тошканд аз устодони  шинохтаи мусиқӣ  ва театр,  ба мисли  Муҳиддин Қорӣ Ёқубов, Тамарахонум, Маннон Ӯйғур, Лутфӣ Саримсоқова, Ҳалима Носирова,  Алӣ Ардобус ва дигарон асосҳои санъати   сарояндагӣ ва саҳнаороиро  меомӯзад.  Туҳфа Фозилова   дониш ва малакаи ҳунарие, ки дар Тошканд  дастёб шуда буд, дар саҳнаи театр ва  ҳунари мусиқии  тоҷик бовусъат  ва самаранок кор мебурд. Дар консертҳо  бо дастаҳои филармония  арияҳои ҷудгонаро чун асари консертӣ   пешкаши дӯстдорони  мусиқӣ мегардонид.   Давоми солҳои 1948- 1984  дар  Театри  академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ  фаъолият карда,  дар ташаккули санъати театрии миллӣ нақши муайян гузоштааст.

Бояд тазаккур дод, ки   устоди санъати  театри мусиқӣ Туҳфа Фозилова дар саҳнаи театри драмавии тоҷик аз драматургияи миллӣ ва ҷаҳонӣ нақшҳои зиёде офаридааст, ки Ҳалима («Ҳалима»- Ғ. Зафарӣ), Гулсара («Гулсара»-К.Яшин),  Гулнор («Дохунда»-Ҷ. Икромӣ),  Моҳтоб («Духтари ноком» Ҷ. Икромӣ), Бону («Рӯдакӣ»-С. Улуғзода ),  Гонериля («Шоҳ Лир»-В. Шекспир), Милфорд («Макр ва муҳаббат»-и Ф.Шиллер),  Гертруда («Модарандар»- О. Балзак) аз ҳамин қабиланд.  Ҳамзамон  Туҳфа Фозилова дар рушди санъати синамои миллӣ саҳми бориз гузошта, дар филмномаҳои «Дохунда», «Ибни Сино», «Тӯфон дар Осиё», «Зумрад», «Имрӯз ва фардо» ва «Достони ду дилдода» нақш офаридааст.

Cаҳми Туҳфа Фозилова дар тарғибу иҷрои мусиқии мардумию классикӣ ва оҳангсозии тоҷик ва кишварҳои ҳавзаи Осиёи Марказӣ бузург аст. Туҳфа Фозилова чун сарояндаи бомаҳорат тарона, суруд, бадеҳаҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, суруду романсҳои бастакорони тоҷику ӯзбекро ба таври нотакрор пешкаши дӯстдорони мусиқӣ гардонидааст. Беш аз чил суруду таронаҳои Туҳфа Фозилова дар Хазинаи тиллоии радиои тоҷик маҳфузанд, аз ҷумла «Алла», «Берун биё», «Бихандад лола», «Гулумой», «Дар кӯҳу дар дашт», «Ёр меояд», «Ёри мастчоҳӣ», «Чашмони ҷоду», «Шоҳдухтар», «Сабзак дона-дона», «Сарви чаман», «Қурбони ту бошам»,  «Ушшоқи Самарқанд»,  «Ҳар шабе», «Дил хуш аст», «Эй бодапарастон», ки  бо гузашти солҳои тӯлонӣ то ба ҳол вирди забони мардуманд.

Ҳамзамон мудири шуъбаи таърих ва назарияи  санъати Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон    Аскаралӣ Раҷабов  таъкид кард, ки  коркардҳои   ҳунарии  ин нобиғаи  театрӣ, мусиқӣ, драмавӣ ва сарояндаи меросбар  аз дидгоҳи ҳунарӣ  ва зебоишиносӣ  дар таърихи санъати касбии  асри 20-и тоҷик,  дар  маҷмӯъ кишварҳои  ҳавзаи  Осиёи Марказӣ  муассир аст.  Туҳфа Фозилова  дар таърихи санъати театрӣ  ва ҳунари тоҷик  бидуни шак  яке аз чеҳраҳои намоён аст. Аз ин рӯ, истеъдод ва фаъолияти   ин бонуи  ҳунар дар ҳунари  касбии халқамон  падидаи нодири бадеию  зебоишиносии ҳунарист,-таъкид кард Аскаралӣ Раҷабов.  Давраи фаъолияти ҳунарманди мумтози тоҷик  Туҳфа Фозилова як давраи заррин дар таърихи  театр   ва санъати мусиқии миллатамон  арзёбӣ гардида,  барои имрӯзу  ояндагон  намунаи олию омӯзандагист ва  бояд дар навиштаҳои  ҳунаршиносӣ  ва вижагиҳои хоси  сабки саҳнаороӣ ва сарояндагии  мусиқивораш  таҳқиқи  ҳунаршинохти фаннӣ шаванд, то наслҳои ояндаи ҳунармандони тоҷик  аз меъёрҳои  ҳунарварии асили нобиғаи санъати тоҷик Туҳфа Фозилова баҳра андӯзанд.

Ҳунару хизматҳои шоиста ва саҳми босазои устоди санъати тоҷик Туҳфа Фозилова дар ташаккули санъати касбии тоҷик бо унвону ҷоизаҳо, ифтихорномаҳои давлатии СССР, ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр гардидаанд.  Махсусан барои хизматҳои шоиста  дар пешрафти санъати тоҷик  ва собиқ шӯравӣ  бо орденҳои Ленин, Ордени нишони фахрӣ, Ордени Револютсияи Октябр ва грамотаҳои фахрии  Президиуми Совети Олии СССР ва РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Инчунин  соли  1985 Театри мусиқию драмавии шаҳри Конибодом ба номи Туҳфа Фозилова гузошта шуд.

Соли равон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 100-солагии бунёдгузори кохи санъати тоҷик Туҳфа Фозилова таҷлил мегардад. Дар пойтахт номи кӯчаи Степан Разин ва Воровский ба номи Туҳфа Фозилова гузошта шуд.   Ин ҳунарманди мумтози тоҷик тавонист дар тӯли умри пурбаракати худ бо маҳорати баланди касбӣ- сарояндагӣ ва саҳнаофарӣ дар ташаккул ва муаррифии фарҳанги тоҷикон саҳми шоиста гузорад. Аз ин ҷост, ки истеъдоди нотакрори ин бонуи ҳунар  на танҳо  дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва берун аз он низ шӯҳрат дорад, зеро фаъолияти ҳунари мусиқӣ ва драмавии Туҳфа Фозилова мактаби бузургест барои ба камол расонидани насли ҷавоне, ки  баҳри рушди  фарҳанги миллӣ раҳсипоранд.

 

Апрель 25, 2017 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад