ФОРУМИ УМУМИҶАҲОНИИ ИҚТИСОДӢ ТОҶИКИСТОНРО КИШВАРИ БЕХАВФТАРИНИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ НОМИД!

Апрель 20, 2017 17:47

ДУШАНБЕ, 20.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ (WEF), ки дар Швейтсария баргузор гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистонро бехавфтарин кишвари Осиёи Марказӣ дар соли 2017 номбар карданд. Дар ин рейтинг Тоҷикистон миёни 136 кишвар мақоми 49-умро касб кард. Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон мавқеи 58 ва Қирғизистон ҷойи 98-умро ишғол намуданд.
Қобили таваҷҷуҳ аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин рейтинги анъанавӣ якбора 27 зина боло рафт: соли гузашта Тоҷикистон дар ҷойи 76-уми рейтинг қарор дошт.
Дар ин рейтинг мавқеи аввалро бори дуюм паи ҳам Финляндия ишғол кард. Дар ҷойи дуюм Амороти Муттаҳидаи Араб ва дар ҷойи сеюм Исландия қарор гирифтанд.
Ба даҳгонаи беҳтарин ҳамчунин Оман, Гонконг, Сингапур, Норвегия, Швейтсария, Руанда ва Қатар шомил шуданд.
Эстония дар ин рейтинг мақоми 15 ва Латвияву Литва муттаносибан ҷойҳои 40-ум ва 42-юмро ишғол карданд. Россия бошад дар ҷойи 109-ум қарор гирифт.
Сатрҳои охирро ҳамчун кишварҳои ноамнтарини ҷаҳон Салвадор, Яман ва Колумбия касб карданд.
Ҳангоми тартиб додани рейтинг коршиносон дар мадди аввал вазъи ҷинояткорӣ, терроризм ва низоъҳои ҳарбиро ба инобат гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ созмони ғайриҳукуматӣ дар Швейтсария мебошад. Форум ҳамасола мулоқоти роҳбарони кишварҳо, сиёсатмадорон ва коршиносони маъруфро дар Давос баргузор мекунад. Онҳо зимни ин вохӯриҳо мушкилоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, тандурустӣ ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ менамоянд. Тақрибан ҳазорҳо созмонҳои бузургтарини гӯшаҳои гуногуни олам аъзои форум мебошанд. Дар форум рӯзноманигорон ва сиёсатмадорон низ иштирок менамоянд. Ҳайати аъзоён мунтазам бозбинӣ мешавад. Буҷети созмон аз ҳисоби аъзоҳаққӣ ва маблағгузории худи иштирокдорон асос ёфтааст.

Душанбе-60

 

Апрель 20, 2017 17:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Италия тақвият меёбад
ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст