Голи ягонаи Ҷонона ба дастаи Тоҷикистон ғалаба овард

Апрель 4, 2017 09:41

ДУШАНБЕ, 04.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол дар нахустин вохӯрӣ дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2018 дар гурӯҳи «А», ки дар шаҳри Душанбе идома дорад, бар дастаи мунтахаби Ироқ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Ҷонона Ҳалимова дар дақиқаи 87-ум дарвозабони дастаи мунтахаби Ироқ Халат Асаад Мустафоро маҷбур кард, ки тӯбро аз дохили дарвозааш гирад.
Дар бозиҳои рӯзи аввали гурӯҳи «А» дастаи мунтахаби Урдун бо натиҷаи калони 6:0 дастаи Баҳрайнро шикаст дод. Дар ин вохӯрӣ ҳамлагари мизбонони бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё-2018-дастаи мунтахаби Урдун Майса Ҷбараҳ ба дарвозаи Баҳрайн се гол зада, аввалин ҳет-трикро ба номи худ сабт кард. Голи нахустини мусобиқа аз ҷониби Шаҳноз Ҷабрин дар дақиқаи 9-ум вориди дарвозаи дастаи мунтахаби Баҳрайн гардид.
Дар бозии сеюми рӯз дастаҳои мунтахаби Филиппин ва Амороти Муттаҳидаи Араб бо ҳам қувва озмуданд. Малакаю маҳорати футболбозони Филиппин аз бозингарони Амороти Мутаҳидаи Араб беҳтар буд ва онҳо бо натиҷаи 4:0 ғалаба карданд.
Ба ҳамин тартиб, се даста Урдун, Филиппин ва Тоҷикистон соҳиби се имтиёзӣ гардиданд ва мубориза барои як роҳхат ба бозиҳои финалӣ дар даврҳои минбаъда тезутунд мегардад.
Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2018. Гурӯҳи «А», шаҳри Душанбе
Ироқ — Тоҷикистон 1:0
Гол: Ҷонона Ҳалимова, 87
Ҳайати дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон:
Сахина Саидова, Насиба Олимова, Афрӯз Шарифова (Шукронаи Ҷумъахон,83), Ҷонона Ҳалимова (Лайло Ҳалимова, 89), Ирода Ҷӯраева, Сайрам Холназарова, Наталя Сотникова, Мадинаи Искандарӣ, Нодира Мирзоева, Марҷона Файзуллоева (Мавҷуда Сафарова,89).
Огоҳӣ: Бунайи Усмон Шариф (Ироқ), Наталя Сотникова, Муниса Мирзоева (Тоҷикистон)
Довари майдон: Панса Чайсанит (Таиланд).
Баҳрайн Урдун -6:0
Гол: Шаҳноз Ҷебрин, дақиқаи 9-ум, Майса Ҷбараҳ, 22, 30, 43, Стефани ал-Набир 86, Луна ал-Масрӣ, 90.
Филиппин Амороти Муттаҳидаи Араб -4:0
Гол: Ива Мадаранг, 14, 45+1,Ириш Наваҷа, 49, Сара Изабел Кастанеда, 54.
Даври 2-юм
5 апрел (чоршанбе)
13:00 Филиппин — Ироқ
16:00 Баҳрайн — Тоҷикистон
19:00 Урдун — ИМА

Апрель 4, 2017 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имшаб дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Ироқ бо ҳам бозӣ мекунанд
Пайрав Воҳидов: «Бисёр шодем, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024-ро бо ғалаба анҷом додем»
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо дар шаҳри Кӯлоб муайян гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал тими Кореяи Ҷанубиро мағлуб намуд
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат доир мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозӣ менамояд
Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мегардад
Саидҷамол Алимардонов сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Темурмалик гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) нахустин бозиашро анҷом дод
Кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Тоҷикистонро дар Чемпионати инфиродии Осиё – 2024 9 паҳлавон муаррифӣ менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд