Хонандагони шаҳри Душанбе бо 35 медал дар олимпиада ҷои аввалро гирифтанд

Апрель 18, 2017 11:34

ДУШАНБЕ, 18.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе даври хотимавии (чоруми) олимпиадаи хонандагон аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиию риёзӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои вазорат, дар олимпиада 530 нафар хонанда аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони давлатӣ, забони англисӣ, забони русӣ, забон ва адабиёти рус, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, таърих, математика, физика, химия, технологияи информатсионӣ, биология ва география донишу маҳорати худро санҷиданд.
Аз рўи талаботи Низомнома хонандагон дар ду шарт — кори хаттӣ ва тестӣ ба сабқат пардохтанд. Ҳамин тариқ, натиҷаи озмун нишон дод, ки хонандагони шаҳри Душанбе бо 35 медал (10 тилло, 10 нуқра ва 15 биринҷӣ) ҷойи аввал, вилояти Хатлон бо 27 медал (6 тилло, 7 нуқра ва 14 биринҷӣ) ҷойи дуюм, вилояти Суғд бо 25 медал (7 тилло, 8 нуқра ва 10 биринҷӣ) ҷойи сеюмро соҳиб гардиданд.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ бо гирифтани 7 ҷойи ифтихорӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо гирифтани 2 ҷойи ифтихорӣ зинаҳои минбаъдаро ба даст оварданд.
Ба ғолибон Нуриддин Саид, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон медал, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорид.

Апрель 18, 2017 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд