«Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!»-ҳашар дар дастгоҳи Маҷлиси намояндагон

Апрель 15, 2017 13:25

ДУШАНБЕ, 15.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақшаи чорабиниҳои дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳдошти фазои экологӣ ва ба роҳ мондани корҳои ободонӣ дар доираи ҷашнгирии Рӯзи пойтахт дар Парлумони касбии мамлакат шанбегӣ таҳти унвони «Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!» гузаронида шуд, ки дар он беш аз 100 нафар иштирок намуданд.
Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон дар ин бора хабар дода, зикр кард, ки ҳадафи ҳашар- тақвияти ҳисси ватандӯстиву худшиносӣ, ифтихори ватандорӣ ва тарбияи чавонон дар рӯҳияи инсондӯстиву якдилӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад.
Абдуҷаббор Азизӣ, муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки ин иқдом идомаи анъанаҳои наҷиби ниёгонамон бобати беҳдошти муҳити зист, тоза нигоҳ доштани атроф, пайравӣ ва саҳмгузорӣ дар амали хайр ва пос доштани анъанаҳои наҷиби гузаштагонамон мебошад.
«Хушҳолам аз он, ки ҷавонони имрӯза бо рӯҳияи болида ва шукргузорӣ аз сиёсати пешгирифтаи хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ҳама аз як гиребон сар бароварда, барои тоза нигоҳ доштани муҳити экологии кишварамон камари ҳиммат бастаанд», — афзуд Абдуҷаббор Азизӣ.
Иштирокдорони ҳашар зиёда аз 20 бех ниҳолҳои нав шинонида, бехи дарахтони мевадиҳандаро нарм карда, ҷӯйбор ва атрофи биноро тоза карданд.

Апрель 15, 2017 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон вобаста ба меъморӣ ва шаҳрсозӣ конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд
Насби пойгоҳи базавӣ чӣ қадар арзиш дорад?
Тоҷикистон ва Узбекистон татбиқи лоиҳаҳои манфиатбахши муштаракро баррасӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0. 1185 то 0.1205 сомонӣ муқаррар шудааст