Истифодаи самараноки гармӣ дар пойтахт асосан аз омода гардидани ноҳияи Сино вобастагӣ дорад

Апрел 20, 2017 10:36

Хабарҳои мавзӯъ

Азим

ДУШАНБЕ, 20.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. 18 апрели соли равон дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо иштироки масъулини вазорату идораҳои дахлдор ва раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Ситод доир ба масъалаҳои пайвастшавӣ ба шабакаҳои гармидиҳии пойтахт барои солҳои 2017-2018 баргузор гардид.
Муовини Сарвазири мамлакат иттилоъ дод, ки мутобиқи маълумоти Муассисаи шабакаҳои гармидиҳии шаҳри Душанбе шумораи умумии биною иншооте, ки ба онҳо имконияти интиқоли гармӣ вуҷуд дорад, 1530 ададро ташкил медиҳад, ки дар онҳо 44675 нафар муштариён ба қайд гирифта шудаанд. Таркиби муштариён аз 44316 адад хонаҳои бисёрошёнаю баландошёна, 78 адад ҳавлию баракҳо, 109 адад муассисаҳои соҳаи маориф, 37 адад муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва 135 адад идораю муассисаҳо иборат мебошад. Бо назардошти васеъ гардонидани имконияти шабакаҳо шумораи муштариён дар соли ҷорӣ нисбат ба соли 2016-ум 11132 адад ё ин ки 33,2% зиёд мегардад. Ба ин ҳисоб иншооте, ки аз дегхонаҳои маҳаллӣ гармӣ мегиранд, ворид нестанд.
Муштариёни гармигирандаи шаҳр дар ҳудуди чор ноҳия бо тартиби зайл тақсим шудаанд:
— ноҳияи И. Сомонӣ — 5922 адад ё ин ки 13,2%;
— ноҳияи Шоҳмансур — 6796 адад ё ин ки 15,2%;
— ноҳияи Сино — 31891 адад ё ин ки 71,4 %;
— ноҳияи Фирдавсӣ 66 адад ё ин ки 0,2 %.
Нишондиҳандаҳои дастрасгардида тасдиқкунандаи он мебошанд, ки ҳолати омодагардонии пойтахт ба гармиқабулкунӣ асосан ба вазъи кор дар ноҳияи Синои пойтахт вобастагӣ дорад, чунки дар ин ноҳия ҳам муштариён ва ҳам мушкилоти шабакаҳои интиқоли гармӣ зиёд мебошанд. Вобаста ба ин зарур шуморида шуд, ки кумаки асосии Муассисаи шабакаҳои гармидиҳии Душанбе ва зерсохторҳои ШСХК «Барқи Тоҷик» ба ин ноҳия равона карда шавад.
Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ маблағи зарурӣ барои анҷоми корҳои таъмиру омодасозии қубурҳои гармиинтиқолдиҳанда ҷудо карда шудааст ва ин имкон медиҳад, ки ҷараёни иҷрои корҳо вусъат ёбад.
Муовини Сарвазир аз директори муассисаи шабакаҳои гармидиҳӣ талаб намуд, ки фаъолияти муассисаашро бо талаботи замони муосир мутобиқ гардонад ва сикли пурраи истеҳсолу интиқол ва истифодабарию ҷамъоварии маблағ бояд дар сатҳи зарурӣ таъмин гардад, чунки бе анҷом додани ин кор мо наметавонем сокинони пойтахтро бо гармӣ дар фасли зимистон таъмин намоем.
Ў афзуд, ки мутаассифона баъзе нишондиҳандаҳои соли қаблӣ хеле нигаронкунандаанд. Аз ҷумла, аз шумораи умумии муштариёни банақшагирифташуда, ки 33543 ададро ташкил мекард, ҳамагӣ 14314 муштарӣ ё ин ки 42,7% пурра бо гармӣ таъмин буданд, 15234 адад ё ин ки 45,4 % дигар қисман бо гармӣ таъмин буданд ва 3995 адад ё ин ки 12%-и боқимонда умуман гармиро истифода набурданд. Интизориҳои таъмин намудани сокинони пойтахт бо гармӣ, ки ба кам гардидани истифодаи неруи барқ оварда мерасонад, қисман таъмин гардиданд.
Ин дар ҳолест, ки тибқи тақсимоти ухдадориҳо барои интиқоли гармӣ то муштарӣ, Маркази барқу гармидиҳӣ уҳдадориҳои худро то Бунгоҳи тақсимкунии гармӣ пурра иҷро намудааст. Мушкилоти асосӣ дар фаъолияти МШГД ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳр мебошад. Бояд раисони ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе (МШГД) ҳавасманд бошанд, ки гармиро аз бунгоҳи тақсимоти гармӣ то таҳхонаи биноҳо ва аз таҳхонаи биноҳо то муштарӣ дар якҷоягӣ бо ҷалби муштариён таъмин созанд. Барои бемамониат интиқол додани гармӣ то ба муштарӣ элеваторҳо, насосҳои обкашӣ ва ифлосгиракҳо бояд ҳамеша дар ҳолати хуби корӣ қарор дошта бошанд ва мутахассисони соҳавӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида онҳоро пайваста аз ташхис гузаронанд.
«Имсол барои пурра таъмин намудани фаъолияти Муассисаи барқу гармидиҳии шаҳр дар фасли зимистон, мо нақша дорем як миллиону 80 ҳазор тонна ангишт интиқол диҳем. Айни замон зиёда аз 200 ҳазор тонна ангишт захира дорем»,-иброз дошт Азим Иброҳим.
Муовини Сарвазир ба раисони ноҳияҳо, зерсохторҳои МШГД ва ШСХК «Барқи Тоҷик» дастури қатъӣ дод, ки тамоми корҳои вобаста ба интиқоли гармӣ бояд то 1 августи соли ҷорӣ пурра ҳалли худро пайдо намоянд. Бо ин мақсад сохторҳои болозикр вазифадор карда мешаванд, ки дар асоси Нақшаи чорабиниҳои воқеӣ низоми корро дуруст ба роҳ монда, дар давоми ҳар даҳ рўз оид ба корҳои анҷомдодашуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.

Апрел 20, 2017 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Танзим-0Имсол ба қабули Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» 10 сол пур мешавад: вақт, ҳамчун довари ҳақ, зарурияти ин санадро собит намуд
вазири мехнат бо корея 0657Мутахассисони баландихтисоси касбӣ имкон доранд дар Ҷумҳурии Корея бо кор таъмин гарданд
VM1A0253-300x200Ҷаласаи 12-уми Гурўҳи кории муштараки Тоҷикистону Россия дар Душанбе
Хилоли Ахмар-0Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба зарардидагони заминларзаи ВМКБ кӯмак мерасонад
Абдуджаббор Р.Ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия боз ҳам бештар тавсеа меёбанд
Ремонт-4«IRS» дар мавсими нав ба таъмири роҳҳо шурўъ намуд
DSC_0006Нурулло Маҳмадуллозода: «Мақсади авф кумак ба муҳоҷирон ҷиҳати қонунӣ намудани будубоши худ дар ҳудуди Федератсияи Россия мебошад»
Легализация-2Ба таваҷҷуҳи муҳоҷирони меҳнатӣ! Расмикунонии будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия
Иброхим Ахмадов МиграцияМанъи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Федератсияи Россия бекор карда мешавад
Хаво 7Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои офтобӣ дар назар дошта шудааст
Бори аввал дар ДушанбеБори аввал дар Душанбе Шоу-барномаи лазерии видео-мэппинг баргузор гардид
boronИмрӯз дар аксари ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар аст