Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дархости Молдоваро барои гирифтани мақоми кишвари нозир дастгирӣ намуд

Апрел 15, 2017 09:54

Хабарҳои мавзӯъ

А. Атамбаев СААД

ДУШАНБЕ, 15.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) дархости Молдоваро ҷиҳати гирифтани мақоми кишвари нозир тасдиқ намуданд. Дар ин бора агентии ТАСС бо истинод ба изҳороти президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбаев, ки зимни ҷаласаи хосаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё (ВЕЭС) баён дошт, хабар дод.
«Барои истиқбол ва дастгирии дархости Молдова қарор қабул карда шуд», — гуфт Атамбаев. Ба иттилои ӯ, қарор дар бораи додани мақоми нав ба Молдова «бо тартиби муқаррарӣ тасдиқ гардид».
Ба гуфтаи Атамбаев, Қирғизистон ба рушди муносибатҳо бо кишварҳои иштирокдори ЕврАзЭС аҳамияти бузург медиҳад.
Бояд гуфт, ки дирӯз, 14 апрел дар пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон бо иштироки президентҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова ва Россия ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё баргузор гардид.
Илова бар ин, дар Бишкек мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ доир шуд. Дар он президентҳои Россия Владимир Путин, Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Арманистон Серж Саргсян, Беларус Александр Лукашенко, Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон Алмазбек Атамбаев ва инчунин иҷрокунандаи вазифаи Котиби генералии СААД Валерий Семериков иштирок доштанд. Дар мулоқот масоили рушди минбаъдаи созмон ва инчунин тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амният баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин иштирокдорон ба масоили густариши минтақаҳои ҳамдастии СААД бо дигар ниҳодҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи амният таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Илова бар ин, аъзои созмон имконияти муттаҳид намудани талошҳоро дар мубориза бар зидди таҳдидҳои муосири минтақавӣ ва ҷаҳонӣ баррасӣ намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот сарони давлатҳои аъзо Юрий Григоревич Хачатуровро Котиби генералии СААД таъйин намуданд.
Ёдрас мешавем, ки имсол барои давлатҳои аъзои СААД соли ҷашнӣ мебошад, чунки имсол ба рӯзи баимзорасонии Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ 25 сол пур мешавад.

Апрел 15, 2017 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ПентагонТрамп ба Пентагон барои ба Ироқ ва Сурия фиристодани неруҳои бештар иҷозат дод
Siriya-vojnaСММ дар бораи қурбон шудани даҳҳо нафар бар асари ҳамлаҳои ҳавоии эътилофи байналмилалӣ дар Сурия хабар дод
AfganВазири мудофиа ва сардори Ситоди артиши Афғонистон истеъфо доданд
Си ЧинпинСи Ҷинпин Трампро ба таҳаммулпазирӣ нисбат ба вазъи Кореяи Шимолӣ даъват кард
Kazahstan-1Қазоқистон: Парлумон ва Раёсати рӯҳонии мусулмонони Қазоқистон пешниҳоди Назарбоевро доир ба манъи риш ва либоси сиёҳи мусулмонӣ амалан ҷонибдорӣ намуданд
NazarbaevПрезиденти Қазоқистон манъи пӯшидани либоси сиёҳро пешниҳод кард
KolumbiyaШумораи қурбониёни ярч дар Колумбия ба 19 нафар расид
Mosul-1Дар Мосул яке аз ёварони роҳбари гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» нобуд карда шуд
Mosul-2Дар Мосул «мергани асосӣ»-и гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» нобуд карда шуд
ErdoganЭрдоган нақшаи «фавран ҷорӣ намудани ҳукми қатл»-ро баррасӣ карданист
siriya-detyДар Ҳалаб бар асари ҳамлаи террористӣ беш аз 60 нафар кӯдакон ба ҳалокат расиданд
IranШумораи қурбониёни обхезӣ дар шимолу ғарби Эрон ба 42 нафар расид