«KAZAX INVEST» дар Душанбе молҳои «Made in Kazakhstan» ро муаррифӣ мекунад

Апрель 19, 2017 17:17

ДУШАНБЕ, 19.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Роҳбарону намояндагони наздик ба чил ширкати истеҳсолию саноатии Қазоқистон дар ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон, ки фардо, 20 апрел дар Душанбе доир мегардад, иштирок менамоянд.
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии миллӣ оид ба содирот ва сармоягузории Қазоқистон — «KAZAX INVEST» аз созмондиҳандагони ҳамоиши иқтисодӣ мебошанд.
Густариши равобити иқтисодию тиҷоратии байни Тоҷикистону Қазоқистон аз ҳадафҳои асосии ҳамоиши иқтисодӣ арзёбӣ мегардад.
Интизор меравад, ки дар доираи ҳамоиши иқтисодӣ намоиши молу маҳсулоти корхонаю ширкатҳои тавлидотии Қазоқистон ба роҳ монда шавад.

Апрель 19, 2017 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд