Китобхонаи миллии Тоҷикистон: Ҷавонон аз намоиши асарҳои пурмазмуни Пешвои миллат таассуроти нек бардоштанд

Апрель 21, 2017 17:32

Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд.

Эмомалӣ РАҲМОН

ДУШАНБЕ, 21.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 имрӯз бо ташаббусси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони ватан» дар ҳамкорӣ бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 600 нафар хонандагони мактабҳои миёна, донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар ҷамъ омада, аз толорҳои он дидан карданд.
Ҷамшед Олимов, роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон дар шаҳри Душанбе зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, «дар доираи ин ҳамоиш, ки тӯли ду рӯз идома меёбад, ҷавонон ба мутолиаи китоб машғул гардида, бо шароити фароҳам овардаи Ҳукумати кишвар барои илмомӯзии ҷавонон шинос шуданд. Дар доираи ҷамъомад намоиши китоб низ баргузор гардида, дар он асарҳои пурмазмуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намоиш гузошта шуданд ва ҷавонон бо мазмуну муҳтавои онҳо шинос шуданд».
Ба андешаи ҳамсуҳбати дигари мо Муҳаммадиқбол Атоев, мудири шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон, «дар ҷамъомади фарҳангию сиёсӣ андешаҳои саршор аз ватандориву илмомӯзӣ садо доданд, ки барои тарбияи ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва дар маҷмӯъ, ҷиҳати боло бурдани хулқу атвори неки онҳо мусоидат менамоянд».


Ба гуфтаи ӯ, «ҷавонон дар ин ҷамъомад аз чор ноҳияи шаҳри Душанбе гирди ҳам омаданд, то бо ҳам дӯстӣ пайдо намоянд. Зиёд намудани ин гуна вохӯриҳо барои боз ҳам беҳтар намудани дӯстиву рафоқат миёни ҷавонон, сайқал додани савияи дониш ва андешаҳои сиёсии ҷавонон мусоидат хоҳад кард».
Ин дар ҳолест, ки Китобхонаи миллӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ иқдомеро зери унвони «Биёед, ба китобхона меравем» роҳандозӣ намуд, ки он натиҷаи хеле хуб дод. Зеро дар семоҳаи аввали соли 2017 шумораи хонандагони ба толорҳои хониш, толори электронӣ, толори маводи мусаббат, толори феҳриствораҳо, гӯшаҳои кишварҳои хориҷӣ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ воридшуда 127 978 нафарро ташкил додааст.
Ба гуфтаи Гадобек Маҳмудов, муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, дар доираи барномаи «Биёед, ба китобхона меравем» кормандони Китобхона ба муассисаҳои олӣ, миёнаи касбӣ, литсею гимназияҳо ва миёнаи таҳсилоти умумии пойтахт рафта, бо донишҷӯёну хонандагон суҳбатҳо ороста, оид ба шароиту фазои мусоид, имконияти истифода аз маводи чопию электронӣ ва толорҳои китобхона маълумот доданд. Ин суҳбатҳо натиҷаи хуб ба бор оварданд, ки шумораи хонандагон ва омаду рафти онҳо ба китобхона хеле зиёд гашт»,- гуфт Гадобек Маҳмудов. Ҳамзамон ӯ иброз дошт, ки Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 мо, кормандони Китобхонаи миллиро вазифадор менамояд, ки сатҳу сифати хизматрасониро ба талаботи замон мутобиқ намуда, равандҳои инноватсиониро ҳар чӣ бештар роҳандозӣ намоем ва ҷалби наврасону ҷавононро ба китобхона ва илму адаб бештар намоем.
Маврид ба зикр аст, ки имрӯзҳо Китобхонаи миллии Тоҷикистон тамоми шароитро ҷиҳати баргузор намудани барномаҳои сиёсиву фарҳангӣ, аз ҷумла барои аз бар намудани донишҳои замонавӣ ба тамоми гурӯҳҳои хонандагон фароҳам овардааст. Танҳо шаҳрвандонро зарур аст вақт пайдо намуда, аз ин ганҷинаи гаронбаҳои миллат бархӯрдор бигарданд.
Воқеан ҳам Китобхонаи миллии Тоҷикистон яке аз туҳфаҳои арзандаи даврони истиқлолият барои дӯстдорони илму маърифат ва тамоми сокионони кишвар мебошад.

Абдураҳим ҶАББОРОВ

Апрель 21, 2017 17:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, сешанбе, 114-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҷавонон бо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд
Чин дар робита бо бориши шадид ҳушдори сатҳи «норинҷӣ» эълон намудааст
АЗ УРФУ ОДАТ ВА ФАРҲАНГИ БЕГОНА ПЕШГИРӢ МЕНАМОЕМ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд
Бо супориши Президенти Тоҷикистон ба аҳолии аз боронҳои сел зарардидаи мамлакат кумак расонида шуд
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ тавассути технологияи иттилоотӣ аҳамияти хосса пайдо намудааст
Ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ таҳким меёбад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Бо волидайни хонандагони Литсейи касбии техникии шаҳри Ҳисор мулоқоти судманд доир шуд