Китобхонаи миллии Тоҷикистон минбаъд то соати 22-и шаб фаъолият мекунад

Апрель 13, 2017 17:10

ДУШАНБЕ, 13.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2017 127 ҳазору 978 хонанда ворид шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 54 ҳазору 141 нафар зиёд аст. Тибқи иттилои муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов, ба узвияти китобхона танҳо дар семоҳаи аввали соли равон 7152 нафар пазируфта шудаанд.
Дар маҷмӯъ теъдоди хонандагони ин даргоҳи маърифат 110 ҳазору 719 нафарро ташкил медиҳад.
Т. Маҳмудов гуфт, китобхона фаъолияташро аз соати 8-и субҳ то 22-и шаб ба роҳ мондааст. Ҳадаф аз ин тасмим- қонеъ намудани талаботи муштариён мебошад. Минбаъд хонандагон метавонанд аз хизматрасониҳои ин муассиса то соати 22-и шаб истифода намоянд.
Ба гуфтаи Гадобек Маҳмудов, хонандагон бештар ба толори хониш, толори электронӣ, толори маводи мусаббат, толори феҳриствораҳо, гӯшаҳои кишварҳои хориҷӣ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ дохил мешаванд, ки барои онҳо дар ин толорҳо 87 ҳазору 909 адабиёт пешкаш шудааст.
Ба ҳисоби миёна дар як рӯз 1 ҳазору 422 нафар хонанда аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан мекунанд.
Бояд зикр намуд, ки Китобхонаи миллӣ бо муосиртарин таҷҳизоти замонавӣ таъмин буда, ба хонандагон ҳамарӯза 15 соат хизмат мерасонад. Ҳамзамон дар китобхона курсҳои забономӯзӣ ба роҳ монда шудаанд, ки дар онҳо шавқмандон метавонанд ба омӯзиши забонҳои русӣ, хитоӣ, арабӣ ва олмонӣ фаро гирифта шаванд.

Апрель 13, 2017 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид