Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон малакаи дониши худро сайқал медиҳанд

Апрель 12, 2017 17:24

ДУШАНБЕ, 12.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои омӯзишӣ оғоз гардиданд, ки то охири моҳи апрел идома меёбанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Агентӣ хабар доданд, дар курсҳои мазкур 32 нафар кормандони ҷавони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва раёсатҳои агентӣ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ иштирок менамоянд. Курсҳои омӯзишӣ бо дастгирии Намояндагии СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардидааст.
Дар рафти омӯзиш устодони таҷрибадори Агентӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мураббиёни Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ кормандони ҷавонро доир ба мавзӯъҳои мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки фаъолияти агентиро ба танзим медароранд, тартиби гузаштани хизмат дар Агентӣ, фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ таълим медиҳанд.
Инчунин машғулиятҳои интерактивӣ бо техникаи компютерӣ ва машғулиятҳои амалии сафороӣ гузаронида мешаванд.

Апрель 12, 2017 17:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд