Маҳмуди Аҳмадинажод номзади интихоботи президентӣ дар Эрон шуд

Апрел 12, 2017 16:21

Хабарҳои мавзӯъ

Ахмадинежад

ДУШАНБЕ, 12.04.2017./АМИТ «Ховар»/. Номзадии Президенти собиқи Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод   барои иштирок дар интихоботи қарибулвуқӯи президентӣ дар ин кишвар  ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора имрӯз рӯзномаи «АиФ»-и Россия бо истинод ба  расонаҳои расмии хабарии ин кишвар   иттилоъ дод. Гуфта мешавад, ки Маҳмуди Аҳмадинажод ҳамроҳ бо Ҳамид Бақоӣ ва Исфандиёр Раҳим Машшоӣ ба ситоди интихоботӣ дар Вазорати умури дохилӣ ҳозир шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки моҳи сентябри соли гузашта раҳбари олии Ҷумҳурии Исломӣ Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ аз ӯ хоста буд, то номзадиашро дар ин интихобот нагузорад. Худи Маҳмуди Аҳмадинжод низ рӯзи 4 апрели имсол дар шаҳри Теҳрон  зимни  нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки дар интихобот ширкат намекунад. Вай афзуд, “ман барномае барои раёсати ҷумҳурӣ надорам. Банда аз Ҳамид Бақоӣ ба унвони номзади аслӣ ҳимоят хоҳам кард.”

Хотиррасон менамоем, ки нтихоботи  президентӣ дар Эрон 19 май баргузор мешавад ва бояд номзадҳо аз 11 то 15 апрел сабти ном шаванд.

Маҳмуди Аҳмадинажод, ки қаблан мири шаҳри Теҳрон буд,  соли 2005  Президенти Эрон интихобот шуд ва то соли 2013 дар ин мақом фаъолият дошт.  Ӯ  59-сола буда,  унвони номзади илм дар арсаи нақлиётро дорад ва  феълан дар донишгоҳ дарс мегӯяд.

 

Апрел 12, 2017 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ПентагонТрамп ба Пентагон барои ба Ироқ ва Сурия фиристодани неруҳои бештар иҷозат дод
Siriya-vojnaСММ дар бораи қурбон шудани даҳҳо нафар бар асари ҳамлаҳои ҳавоии эътилофи байналмилалӣ дар Сурия хабар дод
AfganВазири мудофиа ва сардори Ситоди артиши Афғонистон истеъфо доданд
Си ЧинпинСи Ҷинпин Трампро ба таҳаммулпазирӣ нисбат ба вазъи Кореяи Шимолӣ даъват кард
Kazahstan-1Қазоқистон: Парлумон ва Раёсати рӯҳонии мусулмонони Қазоқистон пешниҳоди Назарбоевро доир ба манъи риш ва либоси сиёҳи мусулмонӣ амалан ҷонибдорӣ намуданд
NazarbaevПрезиденти Қазоқистон манъи пӯшидани либоси сиёҳро пешниҳод кард
KolumbiyaШумораи қурбониёни ярч дар Колумбия ба 19 нафар расид
Mosul-1Дар Мосул яке аз ёварони роҳбари гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» нобуд карда шуд
Mosul-2Дар Мосул «мергани асосӣ»-и гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» нобуд карда шуд
ErdoganЭрдоган нақшаи «фавран ҷорӣ намудани ҳукми қатл»-ро баррасӣ карданист
siriya-detyДар Ҳалаб бар асари ҳамлаи террористӣ беш аз 60 нафар кӯдакон ба ҳалокат расиданд
IranШумораи қурбониёни обхезӣ дар шимолу ғарби Эрон ба 42 нафар расид