Мактаббачагон бояд ба омӯхтани илму дониш бештар таваҷҷуҳ намуда, аз амалу кирдорҳои номатлуб дур бошанд

Апрель 6, 2017 10:41

ДУШАНБЕ, 06.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мактаббачагон бояд пайваста ба омӯхтани илму дониш, мусобиқаҳои варзишӣ, баргузории ҳар гуна маҳфилҳо, дӯст доштани Ватан ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз амалу кирдорҳои номатлуб дур бошанд. Ин суханон зимни вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода бо мактаббачагон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 101-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе садо доданд.
Тавре ки аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, дар вохӯрӣ ҳамчунин Вазири маориф ва илми кишвар, раиси ноҳияи Сино, мудири Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, директорони мактабҳои пойтахт, падару модарон ва хатмкунандагони Муассисаи таҳсилоти умумии № 54, 43 ва 101 иштирок доштанд.
Нахуст ба иштирокдорон филми мустанад дар бораи ҳуқуқвайронкунии ноболиғон намоиш дода шуд. Сипас, Вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид ба сухан баромада, зикр кард, ки устодон, омӯзгорон, волидон ва хонандагон бояд дар ҳамкорию ҳамбастагӣ амал намуда, ба таълиму тарбияи насли наврас диққати аввалиндараҷа диҳанд. Волидайн бошад, дар тарбия ва парастиши онҳо ҷиддӣ рафтор намуда, пеши роҳи ҳар кирдору амали номатлубро сари вақт бартараф намояд.
Вохурии вазири корхои дохили 2Вазири корҳои дохилӣ чунин иброз намуд: «Дар партави сиёсати созандаю хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар даҳҳо мактабу муассисаҳои таълимии муосир бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ бунёд шуданд. Боз сохтмони чандин муассисаҳои таълимӣ идома дошта, ҳамаи ин ғамхорию таваҷҷуҳи Роҳбари давлат барои наврасону ҷавонон равона гардидааст. Ҳамасола наврасону ҷавонони болаёқат дар олимпиадаҳои фаннӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд, ки боиси ифтихори давлату миллат мебошанд».
Дар идома зикр гардид, ки бархе наврасону ҷавонон аз мадди назари волидайн дур монда, вақти худро дар марказҳои дилхушӣ, нуқтаҳои букмекерӣ ва интернет-кафеҳо гузаронида, ба бозиҳои хусусияти зӯроваридошта машғул шуда, даст ба ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят мезананд. Дар ин ҷода нисбат ба падару модароне, ки дар таълиму тарбияи фарзанди худ беэътиноӣ зоҳир менамоянд, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» чораҳои дахлдор андешида мешавад. Танҳо дар давоми соли 2016 дар асоси Қонуни мазкур 4 ҳазору 400 протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, волидайни ноболиғоне, ки даст ба ҳуқуқвайронкунӣ задаанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Апрель 6, 2017 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд