Машқҳои муштараки баталйонӣ-тактикии зиддитеррористӣ дар «Чоруқ-Дарон»-и гарнизони Суғд

Апрель 5, 2017 15:43

ДУШАНБЕ, 05.04.2017. /АМИТ «Ховар» /. Аз 4 то 7 апрел дар машқгоҳи «Чоруқ-Дарон»-и гарнизони Суғд машқҳои муштараки баталйонӣ-тактикии зиддитеррористӣ бо тирпарронии ҷангӣ доир мешаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, машқҳои муштарак дар асоси нақшаи ягонаи тайёрии ҷангӣ таҳти роҳбарии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, он дар се марҳила ба таври назариявию амалӣ ташкилу ба роҳ монда мешавад.

Дар машқҳои муштараки баталйонӣ-тактикии зиддитеррористӣ ҷузъу томҳои қӯшунҳои хушкигард ва ҳайати шахсии сохторҳои қудратии мамлакат, ки дар гарнизони Суғд мустақаранд, ширкат намуда, силоҳу муҳимоти мухталифи  оташфишон, авиатсияи ҷангӣ ва техникаҳои зиреҳпӯши ҳарбиву артиллерӣ ва автомобилӣ истифода мегарданд.

Ҳадафи машқҳои муштарак- сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии ширкаткунандагони машқҳо дар ташкили амалиёти муваффақонаи ҷангӣ, ҳамоҳангии сохторҳои низомии мамлакат дар сурати ба вуқӯъ пайвастани хатарҳои эҳтимолӣ, баланд бардоштани қобилияти ҷангиву ҷисмонӣ ва сафарбарии қӯшунҳо дар самти доир кардани унсурҳои мухталифи ҷангии зиддитеррористӣ дар шароити дашту саҳроро дар бар мегирад.

 

Апрель 5, 2017 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Италия тақвият меёбад
ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст