Машваратҳои Тоҷикистону Россия оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм

Апрель 15, 2017 11:39

ДУШАНБЕ, 15.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москва 13 апрел даври навбатии машваратҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Россия оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, ки дар чаҳорчӯби муносибатҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду давлат гузаронида мешаванд, доир  гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрӣ ҳайати Тоҷикистонро муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин  Зоҳидӣ ва ҷониби Россияро муовини Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Олег  Сирамолотов роҳбарӣ карданд.
Дар ҷараёни машваратҳо оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди терроризми байналхалқӣ, падидаи террористон-ҷангиёни хориҷӣ, дастгирии молиявӣ-иқтисодии террористон ва паҳн кардани идеологияи террористиву экстремистӣ, аз ҷумла ҳамкории ду давлат дар мубориза бар зидди терроризми байналхалқӣ дар доираи СММ, СҲШ, СААД, ИДМ ва ғайра мубодилаи назар сурат гирифт.
Ба масъалаҳои ҳамкории ду давлат ҷиҳати пешгирӣ кардани таҳдидҳои террористӣ ва дигар чолишҳо, ки аз қаламрави Афғонистон бар меоянд, аҳамияти махсус дода шуд.
Ҷонибҳо бори дигар муҳим будани ташкили ҳамкории босамари сохторҳои марбутаи ду кишварро дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми байналхалқӣ таъкид намуданд.

Апрель 15, 2017 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Италия Созишнома оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатиро ба имзо расониданд
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи IRAN EXPO-2024 иштирок менамояд
Директори Маркази байналмилалии амнияти об барои иштирок дар Конфронси сеюми оби Душанбе даъват гардид
Дар Бушаҳри Эрон зарфияти иқтисодии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо Ҷумҳурии Италияро шарики муҳим ва боэътимоди худ дар Аврупо медонем»
Дар шаҳри Минск Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дэвид Кэмерон: «Британия мехоҳад лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикии истеҳсолкунандаи энергияи сабзро дар Тоҷикистон дастгирӣ кунад»
Байни Душанбе ва Лондон парвозҳои мустақим ба роҳ монда мешаванд
Котиби давлатии Британияи Кабир оид ба корҳои хориҷӣ Дэвид Кэмерон ба Тоҷикистон ташриф овард
Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҳамкории байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду мамлакатро матраҳ намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ оид ба нақлиёти устувор иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд