Мулоқоти минтақавии сарварони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи Осиёи Марказӣ оид ба коҳиши хатари офати табиӣ

Апрель 3, 2017 16:29

ДУШАНБЕ, 03.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи тавсияҳои «Барномаи қолабии Сендай оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар солҳои 2015-2030» дар шаҳри Душанбе мулоқоти минтақавии сарварони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи Осиёи Марказӣ оид ба коҳиши хатари офати табиӣ баргузор шуд.
Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар конфронс роҳбарон ва намояндагони вазоратҳо ва идораҳои ваколатдор дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, намояндагони идораҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои маблағгузор ва агентиҳои СММ ширкат карданд.
Аз ҷумла, ширкаткунандагон масъалаҳои андешидани тадбирҳо оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар солҳои 2016-2017, раванди татбиқи қарори аввалин Форуми минтақавӣ, ки соли 2015 дар шаҳри Ашқобод баргузор шуда буд, ҷараёни татбиқи Барномаи қолабии Сендай дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин масъалаҳои омодагӣ ба Платформаи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо дар Мексика, ҷараёни татбиқи Конвенсияи қолабии СММ дар бораи тағйири иқлим, муҳлатҳо ва ҷойи баргузории мулоқоти минтақавии навбатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода дар Осиёи Марказиро баррасӣ карданд.
Аз рӯйи ҷамъбасти кори Конфронс Протоколи минтақавии мулоқоти Сарварони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо қабул шуд. Қарор қабул шуд, ки вохӯрии навбатиро дар Ҷумҳурии Қазоқистон соли 2018 баргузор намоянд. Зикр шуд, ки ширкати доираи васеи ширкаткунандагон ба рушди муколамаи созанда, табодули ахбор, таҷриба ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ мусоидат мекунад. Ҳамчунин он нишон медиҳад, ки «Барномаи қолабии Сендай дар мавриди муқобила бо коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2015-2030» воситаи ҳидояти ҷаҳонӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо барои таъмини рушди устувор мебошад.

Апрель 3, 2017 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид