Нақши ҷавонон дар пешгирии ифротгароии динӣ

Апрель 14, 2017 11:44

ДУШАНБЕ, 14.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Басо рамзист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ҷашни чорякас­раи истиқлолияти давлатӣ ба марҳалаи сифатан нави созандагию бунёдкорӣ ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки кору пайкор барои боло бурдани некўаҳволии мардум ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ оғоз бахшид. Дар таъбири Пешвои миллат озодию истиқ­ло­лият «дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ» муаррифӣ гардидааст, ки барои бедор намудани эҳсосоти ватандорию ватандўстӣ ва ба сўйи ободонию шукуфоӣ раҳнамун сохтани сокинони кишвар, бахусус насли ҷавон андешаи ниҳоят муҳим мебошад.

Воқеан сиёсати созанда ва мардумсолории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати такомули ҳамешагии сармояи инсонӣ дар роҳи ҷавон гардонидани иқтидори кадрӣ ва баланд бардоштани маҳорату малакаи тахассусии онҳо падидаи бесобиқа дар таърихи навтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Чунин муносибати хирадмандона барои рушди устувори иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар ва муаррифии шоистаи он дар сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад ва ба ин васила барои шинохти арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги гузашта заминаҳои боэътимод тарҳрезӣ менамояд. Таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудан ба масоили марбут ба сиёсати ҷавонон ҳар як фарзанди бо нангу номуси миллатро водор месозад, ки дар роҳи эҳёи дубораи давлату давлатдорӣ, фарҳанги безаволи миллӣ, арзишу муқад­да­соти динию мазҳабӣ, пойдории сулҳу субот ва ба ваҷҳи писандида тағйир додани имиҷи байналмилалии Ватани аҷдодӣ тамоми имкониятҳои ақлию зеҳнии худро сафарбар намояд.

Молодежь Тадж-0

Сазовори ёдовар шудан аст, ки дар тамоми суханрониҳо ва вохўри­ҳои Пешвои миллат дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, хусусан ба муносибати ҷашни Наврўзи хуҷастапай доир ба самтҳои ҳассоси вазъи ҳаёти динии кишвар, зарурати ислоҳи камбудиҳои ҷой­дош­та, ғамхории холисона зоҳир наму­дан ба ҷавонон, танзими анъанаву маросимҳои миллию динӣ, таъмини риояи муқаррароти қонуни масъу­лияти падару модар дар таълиму тар­би­яи фарзандон ва нишон додани нақши осори гаронбаҳои гузаштагон дар тақвияти истиқлолият ва пойдории фарҳанги миллӣ ба ниҳодҳои дахл­дор пайваста дастуру супоришҳои судманд пешниҳод мегарданд.

Дар иртибот ба Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 перому­ни нақши муассири ҷавонони ҷумҳурӣ дар пешгирии иф­рот­га­роии динӣ ва шинохти созгору пазируфтании арзишҳои исломӣ баёни матолиби зеринро мувофиқи мақсад мешуморем:

Нахуст, бояд эътироф намуд, ки ҷавонони ҷумҳурии соҳибистиқ­лоли мо насли хушбахтанд, ки дар фазои озоди соҳибихтиёрӣ  фаъолият мекунанд. Зеро дар харитаи сиёсии олам ба таври абадулобод сабт шудани номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба неруи ҷавони зеҳнии мо ҷиҳати татбиқи орзуву ормонҳои нуҳуфтаи миллӣ имкониятҳои фаровон пешниҳод менамояд. Вале бояд огоҳ буд, ки Пешвои миллат зимни ҷамъбас­ти 25 соли марҳилаи тайшудаи даврони истиқлолият чунин ёдовар шуданд: бадхоҳони миллати тоҷик барои пиёда намудани мақсадҳои палид ва ғаразноки худ мехостанд ба сари мардуми мо мазҳабу фар­ҳан­ги бегона ва андешаи ботили бунёди «давлати исломӣ»-ро таҳмил кунанд. Ба­рои бартараф намудани оқибати чунин рафтори тундгароёна заҳмати чандинсолаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва хароҷоти зиёд лозим омад. Ин нукта моро ҳушдор медиҳад, ки тамоми саъю талош ва имконияту захи­ра­ҳои мавҷударо ба он равона созем, ки барои чунин андешаву ҷаҳон­бинии номатлуб дар фазои иттилоотии кишвар ҷойгоҳе боқӣ намонад. Зиёда аз ин, бояд насли ҷавони худогоҳи мо бидонад, ки ҳамон хамирмояи солҳои навадум дар муҳити нооромиҳои кишвари мо манзарнамоишуда дар даҳаи дуюми садаи ХХI дар шакли созмони террористии ба ном «Давлати исломӣ» дар сатҳи байналмилалӣ зуҳур кард.

Дуюм, омили муҳими ифротзудоӣ ва пешгирикунандаи тундгароии қайсарона табдил ёфтани «қаламрави сепорчаи Тоҷикистон ба як кишвари воҳид» аст, ки дар самти анҷом додани корҳои сохтмонӣ ҷиҳати берун омадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ширкати фаъоли қувваи ҷавони корӣ нақши фавқулода бузург дошт. Ин воқеияти раднопазир барои пайванди ногусастанӣ пайдо кардани шаҳру ноҳия ва вилоятҳои ҷумҳурӣ заминаҳои мусоид фароҳам овард. Бунёди роҳҳои оҳан ва мошингарди дохилӣ, нақбу пулҳо ва хатти интиқоли барқ ба атрофу акнофи ҷумҳурӣ дар сақфи инфрасохтори саноатию кишоварзӣ тарҳе тамоман нав барандохт ва ба он навгониҳои тоза бахшид. Дар пояи ин дигаргуниҳо дўстию рафоқат, ҳамкорию рафтуомад, қаробати хешутаборӣ ва урфу одатҳо мазмуну муҳтавои дигар касб мекунанд, ки боиси устувор шудани сулҳу субот, ваҳдату ягонагии саросарӣ ва ба вуҷуд омадани фазои ягонаи иқтисодию фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ шуда истодааст. Додуги­рифти ҳамешагӣ ва бо ҳам наздик шинос шуданҳои ҳафт иқлими ҷумҳурӣ шиддати хурофот, пойбанди динзадагӣ будан, ақидаҳои тундравию ифротгароӣ ва андешаҳои тахайюлӣ доштан нисбат ба якдигарро ниҳоят коста кард. Густариши ҳамкории вилоятҳо манфиа­ти иқтисодию тиҷоратиро болотару волотар аз ҳама гуна манфиатҳои дигар, бахусус ченак кардани сатҳи тақвову диндорӣ, гузошт.

чавонон

Масъалаи сеюми ниҳоят муҳим, ки барои баланд бардоштани нақши созандаи ҷавонон ва таъмини амнияти динию эътиқодӣ ва қавмию мазҳабии кишвари мо таъсиргузор аст, ин проблемаи бунёди ҷойҳои корӣ ва ба ин васила беҳтар намудани сатҳи некўаҳволии мардум, пеш аз ҳама, насли ҷавони ояндасоз мебошад. Дар ин самт ду маълумоти муҳим дар Паёми имсола ба мушоҳида расид: якум, таъсис додани зиёда аз як миллион ҷойи корӣ ва дуюм ҳамасола фаро гирифтани беш аз 100 ҳазор нафар ҷавонон ва калонсолон ба омӯзиши касбҳои гуногун ва бозомўзӣ. Бояд гуфт, ки дар таҷрибаи соҳибихтиёр шудани кишварҳо масъалаи мутобиқ сохтани мақсаду мароми ҷавонон ба шароити зиндагии тамоман нав ва ба кори судовар ҷалб намудани онҳо яке аз вазифаҳои стратегии давлатҳои миллӣ мебошад. Қабули барномаи давлатии «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» низ ба хотири расидан ба ҳадафҳои волои иҷтимоӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон ва тақвияти сармояи инсонӣ равона гардидааст. Бо ин мақсад дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳар сол на камтар аз 100 ҳазор ҷойҳои кории нав бунёд карда мешаванд, ки дар онҳо асосан неруи созандаи ҷавонон истифода мегардад.

Мавзўи чаҳоруми ба фаъолияти ҷавонон сахт алоқаманд шинохт ва маърифати динии саҳеҳ аст. Таҳкими пояҳои ахлоқии ҷомеа, рушди тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонби­нии аҳли ҷомеа, ҳифзи мероси гаронбаҳои ниёгон, арҷгузорӣ ба арзишҳо ва муқаддасоти динии мабно ба таълимоти моваруннаҳрии мазҳаби ҳанафӣ омилҳои ҳалкунанда дар устувории умумии идеологии ҷавонон дар шароити соҳибихтиёрӣ мебошанд. Назорати масъалаҳои мазкур дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ҳар сол дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, баланд бардоштани маърифа­ти ҳуқуқӣ ва динию мазҳабии мардум, нашри намунаҳои осори гузашта­гон ва дастраси оммаи васеи хонандагон гардонидани он корҳои зиёд роҳандозӣ мешавад. Эҳёи арзишҳои моддӣ ва маънавии таърихи куҳан, ба манфиат­ҳои фарҳанги миллию динӣ ва тарбияи насли ҷавон созгор намудани он дастоварди беназири даврони истиқлолият аст, зеро бе шинохти дурусти гузашта бунёди рўзгори имрўза ва тарҳрезии нақшаҳои рушди оянда тасаввурнопазир аст. Муаррифии арзандаи фарҳанги миллӣ ва арзишҳои воқеии исломӣ дар тарбияи рўҳияи ватандўстӣ ва фидокории насли ҷавон нақши муассир мебозад. Вазъияти зуд тағ­йирё­банда дар сиёсати ҷаҳонӣ аз тариқи суиистифодаи омили динӣ тақозо мекунад, ки мо фаъолияти пурсамарро дар ин самт беҳтару бештар намоем.

Ташаббуси навбатии Пешвои миллат ҷиҳати дастгирии саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеаи муосири тоҷик ва Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 барои пешгирӣ намудани шиддати ифротгароӣ ва рафторҳои номатлуб дар байни ҷавонон мусоидат мекунад ва иштиёқу ҳавасмандии онҳоро барои пайгирӣ кардани корҳои неку писандида афзун мегардонад. Масъалаи фарогирии шумораи бештари бонувон дар корҳои давлатӣ ва хизматрасонӣ низ бар он далолат мекунад, ки дар сатҳи роҳбарияти олӣ бозандешӣ ҷиҳати ҷойгоҳи сазовори иҷтимоӣ додан ба занону духтарон дар меҳвари баррасиҳои ҳамешагӣ қарор дорад ва он дар бунёди ҷомеаи солими шаҳрвандии орӣ аз ҳар гуна хурофоту ифротгароӣ саҳмгузор хоҳад буд.

Молодежь Тадж-2 Молодежь Таджикистана-0Молодежь Тадж

Дар партави сулҳу суботи комили кишвар ва таъмини рушди устувори он бояд ба эътибор гирифт, ки хусусияти ташвишовар ва глобалӣ касб намудани проблемаи терроризм ва экстремизм барои давлатҳои миллии рушдкунанда ва ислоҳотхоҳ хатари ниҳоят ҷиддӣ эҷод менамояд. Ин паҳлўи масъала моро барои нигоҳ доштани ҳушёрии сиёсӣ ва зиракии миллӣ ва  агар ин таъбир ҷоиз бошад, қарор доштан дар сатҳи омодабоши низомӣ водор месозад.

Набояд фаромўш кард, ки ҳанўз афзоиши ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, тавсеаи терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тунд­раву ифротгаро, хатари ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистию террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ дар корбурди бозиҳои геополитикии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ҳузури қобили мулоҳиза ва боиси нигаронӣ доранд. Ин воқеияти талх, вале омўзанда ба мо ибрат медиҳад, ки корҳои пешгирӣ ва фаҳмондадиҳиро дар ин самт ба ҳеҷ ваҷҳ заиф нагардонем.

 

Файзулло  БАРОТЗОДА,  

директори Маркази исломшиносӣ

дар   назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон

Апрель 14, 2017 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗ АЗ НИГОҲИ АСТРОНОМӢ. Имсол дар Тоҷикистон Наврӯз 20 март фаро мерасад
21-УМИ МАРТ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО – ПАЗИРОИИ ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳои ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода
Нақши «дипломатияи фарҳангӣ» дар ташаккули симои мусбати давлат дар хориҷа назаррас аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли равғани зард эҳтимоли гирифтор шудан ба сироятҳои гуногуни вирусиро коҳиш медиҳад
ПИРЯХҲО-ҚИСМИ МУҲИМИ БИОСФЕРА ВА ОБЪЕКТИ ТАҲҚИҚОТИ ГЕОЭКОЛОГӢ. Андешаҳои дотсент Ҳаким Ғаюров дар ин маврид
НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ: АЗ ҶАШНИ МИЛЛӢ ТО БА ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Наврӯз ҷашни бостонӣ ва покию садоқат аст
Барои беҳтар намудани вазъи китобхонаҳо ва тарғиби бештари китоб чӣ тадбирҳо бояд андешид?
ПАЙДО ШУДА ДАР СУХАН МУҲАММАД ҒОИБ. Андешаҳо дар мавриди симои инсонии Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб
«ҶАҲОНРО БА ДОНИШ ТАВОН ЁФТАН…». Андешаҳо дар ҳошияи таъкидҳои Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
ПЕШВОИ МИЛЛАТИ НАВРӮЗ. Наврӯз чун ҷашни таҳаммулпазирию созандагӣ мардумро ба бунёдкорӣ даъват менамояд
Ҳамдилӣ, ватандӯстӣ ва заҳмати содиқона – сипари боэътимод ба муқобили ҷаҳолат, хурофот ва хатару таҳдидҳои замон
14 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДАРЁҲО. Оби дарёҳои Тоҷикистон 55,4 фоизи ҳаҷми миёнаи солонаи оби ҳавзаи баҳри Аралро ташкил медиҳад