«Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди иқтисодиёти миллӣ»- ҷамъомад дар Суғд

Апрель 12, 2017 17:25

ДУШАНБЕ, 12.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Соли ҷавонон таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди иқтисодиёти миллӣ» бо ҷалби васеи олимону донишҷӯён ҷамъомад баргузор гардид.
Муъмин Шарифзода, Ректори донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон гуфт: «Устодону донишҷӯён бояд аз таҷрибаи бойи олимони донишгоҳ баҳравар гашта, дар корҳои илмӣ- татқиқотӣ ворисони арзанда ва идомадиҳандагони фаъоли насли солор бошанд. Зеро маҳз ба шарофати фаъолияти пурсамари олимони кишвар Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфта, ба таъмини амнияти озуқаворӣ имконият пайдо менамояд»
Профессор Алиҷон Бойматов дар мавзўи «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди иқтисодиёти миллӣ» маърӯза намуда, зикр кард, ки маҳз бо таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари мо тавонист низоми иқтисоди бозорӣ, марҳилаҳои муҳимтарини рушди иқтисодиёти кишвар, Барномаи таҳаввулоти иқтисодии ҶТ дар мавриди тарҳрезии барномаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва механизмҳои амалигардонии онро ба роҳ монад.
Зикр гардид, ки ҳадаф аз баргузор намудани чунин ҷаласаю нишастҳо дар донишгоҳ ташаккули маърифатнокии устодони ҷавон, боло бурдани сатҳ ва сифати корҳои илмию татқиқотӣ ва беҳдошти донишҳои назариявию амалии донишҷӯён мебошад.

Апрель 12, 2017 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд