Намоишгоҳ-ярмаркаи шашуми байналмилалии «Таҳсилоти Россия: Душанбе-2017» дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ идома дорад

Апрель 17, 2017 17:14

ДУШАНБЕ, 17.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нуриддин Саид, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Намоишгоҳ-ярмаркаи шашуми байналмилалии «Таҳсилоти Россия: Душанбе-2017», ки дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур доир гардид, дидан намуд. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илм хабар доданд.
Зимни боздид аз Намоишгоҳ-ярмарка вазир бо намояндагони донишгоҳу донишкадаҳои Федератсияи Россия суҳбат намуда, ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкорӣ даъват кард, ки аз фурсати муносиб истифода намуда, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар метавонанд як қатор созишномаҳоро вобаста ба табодули донишҷӯёну омӯзгорон, баргузории конфронсҳои муштарак ва анҷом додани корҳои илмии муштарак ба имзо расонанд.
Ҳамчунин зимни мулоқот намояндагони донишгоҳҳои Федератсияи Россия, аз қабили Донишгоҳи федералии Сибир, Донишгоҳи олии иқтисодии Москва, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Самара аз донишу малака ва одобу рафтори донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои номбаршуда таҳсил менамоянд, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳ-ярмаркаи шашуми байналмилалии «Таҳсилоти Россия: Душанбе-2017», ки бо иштироки беш аз 40 муассисаи таҳсилоти олӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур оғоз ёфта буд, ҳоло дар дигар шаҳру ноҳияҳо идома дорад.

Апрель 17, 2017 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт