Намояндагони минтақаҳои Россия азм доранд дар Суғд корхонаҳои гуногуни саноатиро фаъол гардонанд

Апрель 20, 2017 16:21

ХУҶАНД, 20.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҷониби Федератсия Россия баҳри тавсеи ҳамкорӣ бо вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи саноат ҳавасманданд ва нақша доранд солҳои наздик дар қаламрави ин вилоят корхонаҳои гуногуни саноатиро фаъол гардонанд. Ин нукта дирӯз зимни мулоқоти ҳайати Комиссияи ҳарбӣ-саноатии назди Ҳукумати Федератсияи Россия бо роҳбарии муовини раиси он Олег Бочкарев  бо раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зикр гардид.

Хотиррасон менамоем, ки ҳайати Комиссияи ҳарбӣ-саноатии назди Ҳукумати Федератсияи Россия бо сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор дорад

Тавре аз хадамоти матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иттилоъ доданд, Раиси вилоят изҳор дошт, ки муносибатҳои ҳасанаи ду кишвари дӯст ва шарикони стратегӣ дар доираи ҳамкории дуҷониба густариш меёбанд. Ба гуфтаи  Абдураҳмон Қодирӣ, вилояти Суғд дорои имконоти зиёд дар самти истеҳсоли маҳсулот буда,  дар он барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ заминаҳои мусоид мавҷуданд.  Дар ин раванд бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ метавонад  барои ташкили ҷойҳои корӣ ва рушди ҳамкории тарафайн мусоидат намояд.

Меҳмонон аз истиқболи гарму самимӣ изҳори хушнудӣ намуда, баён доштанд,  ки Тоҷикистон воқеан ҳам дорои табиати зебову нотакрор ва ашёи хоми саноатӣ мебошад ва онҳо барои ҳамкорӣ бо ин кишвар омодаанд.

 

Апрель 20, 2017 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид