«Наврӯзу навбаҳорон дар осори адибони арабу Аҷам»-конфронс дар Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон

Апрель 24, 2017 12:19

ДУШАНБЕ, 24.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Наврӯзу навбаҳорон дар осори адибони арабу Аҷам» -таҳти чунин унвон дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир гардид. Дар конфронс Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон  Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодӣ, Сафири давлати Қатар дар Тоҷикистон Алӣ ибни Муборак ал- Муҳаннадӣ, инчунин мутахассисон ва устодони варзидаи арабшинос  аз муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва таълимии кишвар иштирок намуданд.

Тавре аз донишкадаи мазкур хабар доданд, ректори донишкада Маҳмадулло Раҷабзода ба меҳмонон доир ба суннатҳои ниёгонамон, аз ҷумла ҷашни Наврӯз сухан гуфт.

Новый рисунокСафирони Арабистони Саудӣ ва Қатар аз ҳамкорӣ бо Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Аз ҷониби раёсати донишкада  ба Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодӣ, Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Алӣ Муборак ал-Муҳаннадӣ, Сафири давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаҳои хотиравӣ ҳамчун рамзи дӯстӣ тақдим гардиданд. Ба донишҷӯёне, ки тӯли ҳафта аз рӯйи 12 шарти озмун, аз қабили навиштани иншои беҳтарин, имлои беҳтарин, навиштаҷоти беҳтарин ва ғайра бо забони арабӣ ғолиб омаданд, ифтихорномаву сипоснома ва мукофоти молию пулӣ тақдим гардиданд.

 

Апрель 24, 2017 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт