Неъматулло Ҳикматуллозода бо Туула Юреля татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои энергетикаро баррасӣ карданд

Апрель 12, 2017 16:54

ДУШАНБЕ, 12.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Роҳбари Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон Туула Юреля мулоқот намуд.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи ҳадаф ва афзалиятҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамчунин, ҳарду ҷониб ҳадафҳои асосии стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, аз қабили таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои сифатнок, инчунин вусъат додани шуғли пурмаҳсул мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар фарҷом Неъматулло Ҳикматуллозода ва Туула Юреля ҳавасмандии хешро ҷиҳати таҳким бахшидани муносибот ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика, идоракунии захираҳои обӣ, рушди саноати сабук ва нассоҷӣ, ҳамкорӣ дар самтҳои рушди минтиқаҳои озоди иқтисодӣ, Созмони умумиҷаҳонии савдо ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ изҳор намуданд.

Апрель 12, 2017 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид