Ғолибияти наврасони тоҷик дар Олимапиадаи муҳорибавӣ дар Санкт-Петербург

Апрель 20, 2017 14:59

ДУШАНБЕ, 20.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Олимапиадаи намудҳои муҳорибавӣ, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид, ду варзишгари наврасу ҷавони аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ба даст оварданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ доданд, дар мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ, ки намояндагони 20 давлати ҷаҳон ва 10 вилояти Федератсияи Россия иштирок доштанд, намояндагони Тоҷикистон дар сабқатҳо аз намуди самбои оддӣ, касбӣ ва самбои муҳорибавӣ дар байни наврасон ва калонсолон баромад намуда, дар вазни худ ҷойҳои якумро ишғол намуданд ва бо Ҷом, медал ва Диплом ба Ватан баргаштанд.
«Ҳамин тариқ, динамочӣ Комрон Назаров дар вазни 68 кило дар ҳар се намуди сабқатҳо байни наврасони солҳои таваллуди 1998-1999 ва калонсолони соли таваллуди 1997, инчунин Беҳрӯз Ҳалимов дар вазни 57 кило миёни наврасон ҷойҳои 1-умро ба даст оварда, соҳиби шаҳодатномаи Устоди варзиши Федератсияи Россия гардиданд»,-хабар доданд аз Вазорат.

Апрель 20, 2017 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд