Олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявии хонандагон тавассути Маркази миллии тестӣ доир мегарданд

Апрель 15, 2017 11:37

ДУШАНБЕ, 15.04.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Дирӯз  дар Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе маросими оғози Олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ,  дар олимпиада Нуриддин Саид, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хуршед Икромӣ, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ширкат варзиданд.
Нуриддин Саид зикр намуд, ки   «олимпиадаҳо тавассути Маркази миллии тестӣ доир мегарданд ва мақсад аз он таъмини шаффофият ва дарёфти хонандагони донишманду болаёқат мебошад.  Дар шароити ҷаҳонишавии имрӯза танҳо тарбияи насли босаводу донишманд метавонад миллату давлатро аз ҳар гуна хатар нигоҳ дорад,   аз ин рӯ, хонандагони моро зарур аст, ки бештар ба хондани китоб рӯ оварда, донишҳои муосирро азбар намоянд».
Хуршед Икромӣ, директори  Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Латофат Назирӣ, муовини Вазири маориф ва илм иштирокчиёнро бо барнома ва шартҳои баргузории олимпиада шинос намуданд.
Бояд зикр намуд, ки  ки Олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 15-16 апрел дар Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе гузаронида  мешавад.

Апрель 15, 2017 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд