Оромӣ ва ободии ҳар миллату давлат аз заҳмату талош ва хидматҳои ҷавонони он вобаста аст

Апрель 17, 2017 17:20

ДУШАНБЕ, 17.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Соли ҷавонон дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар ҷомеа ва роҳҳои пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ» конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар конфронси мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сархатибони масҷидҳои ҷомеи баъзе шаҳру навоҳии кишвар сухан карданд.
Саидмукаррам Абдулқодирзода, Раиси Шӯрои исломии Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории чунин конфронсҳоро саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ намуда, гуфт: «Оромӣ ва ободии ҳар миллату давлат аз заҳмату талошҳо ва хидматҳои халқ, махсусан ҷавонони он вобаста аст. Ҳар миллате, ки ҷавонони худро тарбияи хуб кунад, онҳо соҳиби илму маърифат гардида, хайрхоҳ бошанд ва шуури милливу мазҳабияшон бедор шавад, болои он миллат ҳеҷ хатаре вуҷуд дошта наметавонад».
«Дар таҷрибаи соҳибихтиёр шудани кишварҳо масъалаи мутобиқ сохтани мақсаду мароми ҷавонон ба шароити зиндагии тамоман нав ва ба кори судовар ҷалб намудани онҳо яке аз вазифаҳои стратегии давлатҳои миллӣ мебошад. Қабули барномаи давлатии «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» низ ба хотири расидан ба ҳадафҳои волои иҷтимоӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон ва тақвияти сармояи инсонӣ равона гардидааст. Бо ин мақсад дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳар сол на камтар аз 100 ҳазор ҷойҳои кории нав бунёд карда мешаванд, ки дар онҳо асосан неруи созандаи ҷавонон истифода мегардад. Ин имконият медиҳад, ки ҷавонон дар ин ё он самте, ки соҳибмаълумот гардидаанд, фаъолият карда, ба рушду шукуфоии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳмгузор бошанд»,-зикр намуд Файзулло Баротзода, директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Апрель 17, 2017 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид