Ҷозеф Л. Вотел: «Кӯшишҳои Тоҷикистон дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир назаррас мебошанд»

Апрель 25, 2017 11:48

ДУШАНБЕ, 25.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амният дар сарҳадот ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баланд арзёбӣ мегарданд. Ин нуктаро имрӯз пас аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Фармондеҳии марказии Штатҳои Муттаҳидаи Америка генерал Ҷозеф Л. Вотел иброз дошт.
Ба гуфти Ҷозеф Л. Вотел, зимни мулоқот бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масоили вобаста ба таъмини амният ва субот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, мубориза бо экстремизм ва терроризм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
«Мушкилоти дар замони имрӯза пешомадаро танҳо дар якҷоягӣ метавон рафъ намуд. Дар ин росто мо мақсадҳои ягона дорем ва бар зидди ин таҳдидҳо мубориза мебарем»,- таъкид намуд Ҷозеф Л. Вотел.
Дар доираи ин сафар Фармондеҳи Фармондеҳии марказии Штатҳои Муттаҳидаи Америка генерал Ҷозеф Л. Вотел инчунин бо як зумра роҳбарони вазорату идораҳои Тоҷикистон мулоқоту вохӯриҳо анҷом медиҳад.

Апрель 25, 2017 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд