Парлумон ба кодексҳои гумрук ва андоз тағйиру иловаҳо ворид менамояд

Апрель 17, 2017 11:36

ДУШАНБЕ, 17.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар оянда воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхона, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои табобатӣ ва марказҳои сайёҳӣ дар кишвар аз пардохтҳои гумрукӣ озод карда мешаванд. Дар ин росто дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки 17 апрел таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон доир гардид, хабар дода шуд.
Шариф Раҳимзода, раиси Кумита оид ба иқтисод ва молия масъалаи мазкурро шарҳ дода, гуфт, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки кишвар бо мақсади мутобиқ намудани муқаррароти Кодекси мазкур бо ислоҳоти ба қонунгузорӣ дар қисмати таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ воридгардида ва аз пардохтҳои гумрукӣ озод кардани воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ сурат гирифтааст.
Дар ҷаласаи Шӯро ҳамзамон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия», «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардиданд.

Апрель 17, 2017 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Тадбирҳои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ пешниҳод гардиданд
Дар Душанбе вазъ ва дурнамои ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Гурҷистон баррасӣ шуд
Рустами Эмомалӣ ба Валентина Матвиенко ва Вячеслав Володин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
БАР ЗИДДИ ИФРОТГАРОИВУ ТЕРРОРИЗМ САРҶАМЪОНА МУБОРИЗА БАРЕМ. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
САРМОЯИ ИНСОНӢ. Рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳамияти аввалиндараҷа дорад
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Модар пуршукуҳ таҷлил гардид
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН. 8 зан аъзои Маҷлиси миллӣ ва 16 нафар вакили Маҷлиси намояндагон мебошанд
Дар Душанбе бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид