Президенти Қазоқистон манъи пӯшидани либоси сиёҳро пешниҳод кард

Апрел 20, 2017 17:22

Хабарҳои мавзӯъ

Nazarbaev

ДУШАНБЕ, 20.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шими кӯтоҳу риши дароз, ниқоб ва ҳиҷоб хилофи фарҳанги мардуми Қазоқистон аст. Дар ин бора президент Нурсултон Назарбоев дар мулоқот бо намояндагони Раёсати дини мусулмонони Қазоқистон изҳор доштааст,-хабар медиҳад «Tengrinews.kz».
Сарвари давлати Қазоқистон пешниҳод намудааст, ки чунин хусусиятҳо дар сатҳи қонун манъ карда шаванд. Дар мулоқот Н. Назарбоев диққати асосиро ба бесаводии динии ҷавонон ҷалб намуд. «Дар натиҷаи ҳамин ҷавонони мо риш мондаву шимҳои худро кӯтоҳ мекунанд. Сафи духтарони қазоқистонии худро бо либоси сиёҳ пӯшонида низ афзудааст. Ин на ба анъана ва на ба мардуми мо хос аст. Қазоқҳо либоси сиёҳро дар рӯзи мотам ба бар мекунанд», — изҳор дошт Нурсултон Назарбоев.
Президенти Қазоқистон дар бораи таърихи фарҳанги қазоқ ва либоси анъанавии занони қазоқ ёдовар шуда, рабт надоштани сиёҳпӯшӣ ба динро таъкид дошт.
Агар ҷавонон ба равияҳои бегона рӯ оранд, бо давлат чӣ хоҳад шуд? Мо ба ин роҳ намедиҳем.
«Қазоқистони соҳибистиқлол бояд ояндаи дурахшон дошта бошад, миллат бояд муттаҳид бошад, давлат бояд дунявӣ бошад ва рушд кунад. Мо онҳоеро таҳаммул намекунем, ки муқобили ҳадафҳои мо мебароянд. Ин танҳо манфиати дастгоҳи давлатӣ нест. Ин манфиати тамоми мардуми Қазоқистон ва ояндаи он аст», — гуфт Нурсултон Назарбоев.

Апрел 20, 2017 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

BagdadГурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» масъулияти таркиш дар Бағдодро бар дӯш гирифт
KNDR-3Кореяи Шимолӣ озмоиши мушаки баллистикӣ гузаронд
NikabОлмон лоиҳаи қонунро оид ба манъи либосе, ки пурра рӯйро мепӯшонад, қабул кард
ПентагонТрамп ба Пентагон барои ба Ироқ ва Сурия фиристодани неруҳои бештар иҷозат дод
Siriya-vojnaСММ дар бораи қурбон шудани даҳҳо нафар бар асари ҳамлаҳои ҳавоии эътилофи байналмилалӣ дар Сурия хабар дод
AfganВазири мудофиа ва сардори Ситоди артиши Афғонистон истеъфо доданд
Си ЧинпинСи Ҷинпин Трампро ба таҳаммулпазирӣ нисбат ба вазъи Кореяи Шимолӣ даъват кард
Kazahstan-1Қазоқистон: Парлумон ва Раёсати рӯҳонии мусулмонони Қазоқистон пешниҳоди Назарбоевро доир ба манъи риш ва либоси сиёҳи мусулмонӣ амалан ҷонибдорӣ намуданд
KolumbiyaШумораи қурбониёни ярч дар Колумбия ба 19 нафар расид
Mosul-1Дар Мосул яке аз ёварони роҳбари гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» нобуд карда шуд
Mosul-2Дар Мосул «мергани асосӣ»-и гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» нобуд карда шуд
ErdoganЭрдоган нақшаи «фавран ҷорӣ намудани ҳукми қатл»-ро баррасӣ карданист