Рустами Эмомалӣ бо ронандагони автобусҳои нави мусофиркашонӣ дар Корхонаи «Автобус-1» мулоқот кард

Апрель 13, 2017 14:57

ДУШАНБЕ, 13.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо фаъолон ва роҳбарияти шаҳри Душанбе, ки 15 феврали соли равон доир гардида буд, ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондани фаъолият ва сатҳи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, таъмини тартибу низом ва аз байн бурдани танбашавӣ дар роҳҳои пойтахт, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги хизматрасонӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода буданд.
Бо ин мақсад Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо яке аз ширкатҳои Ҷумҳурии Туркия шартномаи ҳамкорӣ баст, ки мувофиқи он дар марҳилаи аввал 40 адад ва марҳилаи дуюм 24 адад автобусҳои мусофиркаши тамғаи «ISUZU» ба шаҳри Душанбе ворид мегарданд. 11 апрели соли равон мувофиқи ин шартнома 40 адад автобусҳои мазкур аз ҷониби ронандагони тоҷик аз Ҷумҳурии Туркия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвил гардиданд.

Тавре аз Раёсати иттилоотӣ ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳр хабар доданд, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими қабули автобусҳои нави мусофиркашонӣ дар Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1» иштирок намуда, зимни суҳбат бо ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбар таваҷҷуҳи онҳоро ба баланд бардоштани маданияти хизматрасонӣ, дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, истифодаи оқилонаи воситаи техникӣ, ҷорӣ намудани либоси ягона барои ронандагон, риояи аломатҳои роҳу ҳаракат ва бахусус нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёт дар истгоҳҳои муайяншуда ҷалб намуд.
Ҳамчунин ба масъулини назорати ҳаракат дар роҳҳо дастур дода шуд, ки ҳаракати бехатари воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, бахусус автобусу троллейбусҳоро зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд ва ба қоидавайронкунӣ дар хатсайрҳо ва танбашавии нақлиёт роҳ надиҳанд.
Хотиррасон менамоем, ки нақлиёти нави мусофирбар, ки дар корхонаи муштараки ҷопонию туркӣ дар Туркия истеҳсол гардидаанд, дорои 26 ҷои нишаст буда, қобилияти ғунҷоишашон барои 70 нафар мусофир пешбинӣ шудааст. Дохили автобус бо камераҳои мушоҳидавӣ ва таблоҳои электронӣ, таҷҳизоти гармидеҳ ва сардкунанда муҷаҳҳаз буда, дорои шароити хуби хизматрасонӣ ва бо низоми идораи электронӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Ба мусофирон шароити хуби хизматрасонӣ муҳайё гардида, барои ашхоси дорои имкониятҳои маҳдуд, бахусус маъюбон барои ворид шудан бо аробачаҳои маъюбӣ шароит фароҳам оварда шудааст.
Пас аз муоинаи техникӣ ва ташхиси ҳамаҷониба автобусҳои рӯзи 15 апрел дар хатсайрҳои кӯчаи ба номи Рӯдакӣ ба фаъолият шурӯъ мекунанд. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе рӯзи аввали фаъолият автобусҳои нав ба мусофирон ба таври ройгон хизмат мерасонанд. Пардохти роҳкиро дар нақлиёти нав ба мисли пештара сурат гирифта, дар муддати 1,5-2 моҳи оянда дар нақлиёти мусофирбари пойтахт низоми нави пардохти роҳикиро ба воситаи кортҳои электронӣ ба роҳ монда мешавад.
«Арзиши як адад автобуси тамғаи «Isuzu» тақрибан 90 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ҳол он ки нархи як адад автобуси ширкати ЛиАЗ-и истеҳсоли Федератсияи Россия, ки имрӯз дар хатсайрҳои шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, 126 ҳазор доллари ИМА мебошад.
Бо ба кор оғоз кардани автобусҳои нав дар хатсайрҳои пойтахт мушкилоти мусофиркашонӣ дар шаҳри Душанбе ҳалли худро пайдо хоҳад кард, зеро 10 адад микроавтобусҳо агар майдони 325 метри мураббаъро ишғол кунанд, пас як адад автобуси тамғаи «Isuzu» танҳо масоҳати 72 метри мураббаъро фаро мегирад», — афзуд манбаъ.
Тибқи иттиллои манбаъ, айни ҳол дар ҳудуди пойтахт 250 адад автобусу троллейбусҳо ва ду ҳазор микроавтобусҳои бахши хусусӣ ба мусофирон хизмат мерасонанд. Автобусҳои нав ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар бахши нақлиёти мусофиркашонӣ дар пойтахт ҳамаҷониба мусоидат хоҳанд кард.

ФОТО АП3

Апрель 13, 2017 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёв мулоқот намуданд
Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе таҷлил мегардад
«ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ». Байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт озмун баргузор мегардад
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт озмун доир мешавад
«БИХАНДАД ЛОЛА БАР САҲРО…». Дар Душанбе даври шаҳрии озмуни «Сайри гули лола» ҷамъбаст шуд
ЭЙ ДУШАНБЕ, ШАҲРИ БЕМОНАНДИ МАН. Суратгузориши АМИТ «Ховар» ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад