Сарвазири мамлакат аз Корхонаи истеҳсолии криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат дидан кард

Апрель 10, 2017 17:48

ДУШАНБЕ, 10.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бо фаъолияти Корхонаи криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат шинос шуд.

Дар ин корхонаи азими кимиёвӣ нахуст ба Сарвазири мамлакат иқтидору имконоти коргоҳи нави истеҳсолии маводи обсофкунӣ- «Коагулянт», ки ду моҳ пеш мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд, муаррифӣ карда шуд.

Ин маводи кимиёвӣ қаблан аз хориҷи кишвар ворид карда мешуд ва бо ҳидояти бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истеҳсоли он дар дохили мамлакат роҳандозӣ гардид.

Таъкид шуд, ки солона дар ин коргоҳ ҳудуди 4 ҳазор тонна коагулиянт ё худ маводи обсофкунӣ истеҳсол карда мешавад.

Ҳамзамон ба Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иттилоъ доданд, ки бо мақсади таъмини фаъолияти корхонаҳои криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат дар ин ҷо аз ангишт истеҳсоли газ низ ба роҳ монда шудааст.

Зикр шуд, ки бо истифода аз технологияи пешрафтаи ҷаҳонӣ дар як соат имконияти истеҳсоли 12 ҳазор метри кубӣ газ мавҷуд аст ва дар оянда ҳаҷми тавлиди ин намуди сўзишвории алтернативӣ зиёд карда мешавад.

Ин корхонаи азими кимиёвӣ бо мақсади  таъмини эҳтиёҷоти «Ширкати алюминийи Тоҷик» бо криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат дар асоси коркарди ашёи хоми ватанӣ бунёд гардида, иқтидори солонаи он истеҳсоли 12 ҳазор тонна криолит, 18 ҳазор тонна алюминии фтордор ва 130 ҳазор тонна кислотаи сулфат мебошад.

Гуфта шуд, ки аз маҳсулоти истеҳсолшаванда 80 фоиз барои эҳтиёҷоти «Ширкати алюминийи Тоҷик» истифода гардида, боқимондаи он содирот карда мешавад. Муҳимтар аз ҳама, ҳангоми пурра ба фаъолият оғоз намудани ин корхонаҳои кимиёвӣ масъалаи  бо ашёи хоми зарурӣ таъмин кардани «Ширкати алюминийи Тоҷик» асосан ҳаллу фасл мегардад.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор дастур дод, ки фаъолияти пурраи корхона ҳарчи зудтар таъмин карда шавад. Зеро дар сурати истифодаи иқтидорҳои мавҷуда истеҳсоли маҳсулот зиёд гардида, дар ин замина ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбанд.

Таъкид гардид, ки дар мавриди фаъолияти ҳамаҷониба шумораи коргарон дар ин ҷо ба 600 нафар хоҳад расид ва ҳамзамон онҳо барои бозомўзӣ ва аз худ кардани таҷриба дар бузургтарин ширкатҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Мардумии Чин ба омўзиш фаро гирифта мешаванд.

Ёдрас мешавем, ки корхонаи бузурги кимёвӣ дар шафати роҳи оҳани Душанбе-Ёвон-Қўрғонтеппа-Кўлоб ҷойгир буда,  маҳалли ҷойгиршавии он барои аз байн бурдани хароҷоти зиёдатӣ, аз ҷумла интиқол додани ашёи хом ва маҳсулоти тайёр басо мувофиқ аст.

Апрель 10, 2017 17:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад