ШАРҲИ БОНКИ МИЛЛӢ ОИД БА ВАЗЪИ ИМРӮЗАИ БОЗОРИ ДОХИЛИИ АСЪОР: ҳолати бозори дохилӣ зери назорат аст ва ба эътидол оварда мешавад

Апрел 10, 2017 12:20

Хабарҳои мавзӯъ

БМ

ДУШАНБЕ, 10.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои охир вазъи бозори хариду фурӯши асъори хориҷии нақд дар ҷумҳурӣ ғайримуътадил гардида, бештар ҳолати болоравии он ба назар мерасад.
Вобаста ба ин Бонки миллии Тоҷикистон оид ба вазъи имрӯзаи бозори хариду фурӯши доллари ИМА-и нақд ва қурби он нисбат ба пули миллӣ чунин изҳор менамояд:
«Мушоҳида ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки рӯзҳои охир дар бозори хариду фурӯши доллари ИМА-и нақд зери таъсири омилҳои равонӣ ва ҳаннотӣ миёни аҳолӣ як ҳолати ногувори воҳимаю таҳлука ба миён омадааст. Пайдо шудани фарқияти назаррас дар байни қурби бозори расмӣ ва ғайрирасмии хариду фурӯши доллари ИМА-и нақд боиси он гаштааст, ки шахсони воқеӣ ба таври оммавӣ бо мақсади гирифтани даромади ҳаннотӣ, фурӯхтани асъори нақдро аз ташкилотҳои қарзӣ талаб менамоянд. Ҳолати мазкур ва таъсири дигар омилҳо талабот ба доллари ИМА-и нақдро якбора ба маротиб зиёд карда, ба мунтазам баланд шудани қурби фурӯши он ва фаъол шудани бозори ғайрирасмӣ сабаб гаштааст».
Ба иттилои Бонки миллӣ, ташкилотҳои қарзӣ вазифадор карда шудаанд, ки маблағҳои нақдии аз аҳолӣ харидашударо ҳатман бо худи аҳолӣ мубодила карда, бо истифода аз тамоми имкониятҳо ҳаҷми фурӯши асъори хориҷии нақдро аз ҳисоби худ зиёд намоянд.
Айни замон ташкилотҳои қарзӣ бояд барои муайян ва баҳисобгирии шахсони воқеие, ки мунтазам асъори нақдро бо мақсади гирифтани даромади ҳаннотӣ харидорӣ менамоянд, тадбирҳои зарурӣ андешида, фурӯши нақдинаро ба онҳо манъ намоянд.

Доллар
Бонки миллии Тоҷикистон бо тамоми масъулият изҳор менамояд, ки вазъи бозори дохилии асъор ва тағйирёбии қурби пули миллӣ зери мушоҳида ва назорати доимӣ қарор дошта, барои ба эътидол овардани ҳолати бозори нақдии хариду фурӯши доллари ИМА ва таъмини муътадилии тағйирёбии қурби пули миллӣ, тамоми чораҳои зарурӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амалӣ карда мешаванд.

Барои ин захира ва имконияту воситаҳои кифоя мавҷуд аст ва айни замон кам гаштани таъсири омилҳои номатлуби мавсимӣ ва пайдо шудани шароит ва омилҳои ба суботи бозори дохилӣ ва устувории қурби пули миллӣ таъсиррасон мушоҳида мегардад.
Аз ин рӯ, Бонки миллии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандон ва субъектҳои хоҷагидор бо эҳтиром хоҳиш менамояд, ки ба ҳар гуна овозаҳои беасос бовар накарда, дар мубодилаи маблағҳои пулиашон ба саросемагӣ роҳ надиҳанд ва аз муомилаи ғайрирасмӣ бо шахсони воқеии алоҳида худдорӣ карда, амалиёти мубодиларо танҳо дар муассисаҳои ташкилотҳои қарзӣ анҷом диҳанд.
Риояи ин талабот — иҷрои қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди тоҷик дар таъмини бехатарии иқтисодии давлат, баланд бардоштани мақому манзалат ва эътибори пули миллӣ — сомонӣ арзёбӣ мегардад.

Апрел 10, 2017 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

????????????????????????????????????Ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон ва Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (AFI)
Форуми Сохбкорони КАЗ+ТОЧ (14)Қазоқистон баъд аз Россия ва Чин дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ҷойгоҳи арзишманд дорад
Форуми Сохбкорони КАЗ+ТОЧ (5)Ба имзо расидани қарордод ба маблағи $ 3 миллион байни «Amitech Astana» ва «ПластСервис»-и Тоҷикистон
Бизнес Форум (2)Дар Душанбе имкониятҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон муаррифӣ шуданд
Доллар-0Шарҳи навбатии Бонки миллии Тоҷикистон оид ба вазъи қурби пули миллӣ ва бозори дохилии асъор
Встреча делегации Республики Таджикистан с Парламентским заместителем министра экономики, торговли и промышленности Японии (2)Баррасии истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ миёни намояндагони Тоҷикистону Япония
DSC_0104Нахустин намоишгоҳи миллии молҳои Ӯзбекистон дар Душанбе ифтитоҳ гардид
Х ЗарифиСафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Токио соҳибкорони Японияро ба ҳамкорӣ даъват намуд
Конфронси Байналмилали (1)Рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ
мусохиба-зафарчон Бурхонзода Вазорати рушди иктисодВазъи имрӯзаи бозори дохилии асъор: оё омилҳои иқтисодие ҳастанд, ки қурби асъори миллиро мӯътадил нигоҳ доранд?
DSC_0433+Дар Душанбе Форуми байналмилалии соҳибкорони ҷавон оғоз гардид
корхонаи саноатиДар Суғд ба маблағи зиёда аз 2 млрд сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд