«Шоҳзодаи Миср бо 10 шер»-бори аввал дар Тоҷикистон

Апрель 6, 2017 17:10

ДУШАНБЕ, 06.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. 8 апрели соли 2017 дар «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд намоиши Сирки Москва оғоз мегардад.
Сирки давлатии Россия якҷоя бо Сирки миллии Миср намоиши ҷаззоберо таҳти унвони «Шоҳзодаи Миср бо 10 шер» пешкаши ҳаводорони сирк мегардонанд.
Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд ин аввалин намоиши сиркӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошад. Ромкунандаи машҳури шерҳо Хамада Кутаи мисринажод бошад умуман ба Тоҷикистон бори аввал меояд. Мухлисони сирк метавонанд барномаи ҷолиби ҳунармандони сиркро то 23 апрели соли 2017 тамошо кунанд.
«Барномаи сиркӣ бо иштироки масхарабозон, дорбозон, акробатҳо ва каскадёрон аз ду қисм иборат аст. Намоишҳои «Чархи марг» ва «Мото-курра», инчунин ҳунарнамоии шербоз Хамада Кута бо тахаллуси «Шоҳзодаи Миср» барои бинандагони тоҷик саҳнаҳои комилан навро пешниҳод месозанд, ки баъзеашон ба китоби рекордҳои Гиннес ворид карда шудаанд»,-иттилоъ доданд дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Хамада Кута-2

Апрель 6, 2017 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид