Сокинони водии Бартанг бо маводи хӯрокӣ таъмин шуданд

Апрель 3, 2017 17:38

ДУШАНБЕ, 03.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз боришоти зиёд дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) Шодихон Ҷамшед, Раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо чархболи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба водии Бартанг сафар кард.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд, Шодихон Ҷамшед аз аҳволи сокинони водии Бартанг бохабар шуда, ба сокинони ниёзманди ин водӣ маводи хӯрокии яквақтаина, аз қабили орд, равған, биринҷ дастрас намуд.
Маврид ба зикр аст, ки чанде қабл ҷаласаи фаврии назди Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон баргузор гардида, масоили барқароркунии оқибати офатҳои табиии бар асари боришоти рўзҳои охир дар вилоят рухдода ва пешгирии хатарҳои эҳтимолӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Апрель 3, 2017 17:38

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд