Таҷлили Рӯзи илми тоҷик дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 15, 2017 11:11

ДУШАНБЕ, 15.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи илми тоҷик сессияи илмии солонаи «Айнӣ» ва Форуми ҷумҳуриявии навоварон ва ихтироъкорони ҷавон таҳти унвони «Инноватсия- омили муҳими рушд дар ҷаҳони муосир» бо ҷалби соҳибкорон ва корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ баргузор гардид.
Тавре аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷамъомад Абдуҷаббор Раҳмонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, олимони варзидаи тоҷик, навоварон ва ихтироъкорон, олимони ҷавон, аспирантон, магистрон ва донишҷўёни соҳиблаёқати муассисаҳои илмиву таълимии Тоҷикистон иштирок намуданд.
«Дар 25 соли соҳибистиқлолӣ илми тоҷик дар партави сиёсати хирадмандона ва илмпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду инкишоф ёфта, марҳилаи сифатан нави тараққиётро тай намуд»,-зикр гардид дар ҷамъомади мазкур.
Дар Форуми ҷумҳуриявии навоварон ва ихтироъкорони ҷавон таҳти унвони «Инноватсия-омили муҳими рушд дар ҷаҳони муосир» олимони ҷавон маърўзаҳои илмӣ намуда, ихтирооти худро ба ҳозирин муаррифӣ карданд.
Дар анҷоми Форуми ҷумҳуриявӣ барои дастовардҳои назарраси илмӣ дар соли 2017 як гурўҳ муҳаққиқони ҷавон бо дипломҳо ва ифтихорномаҳои АИ ҶТ сарфароз гардонида шуданд.

Апрель 15, 2017 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ доир гардид
Сокинони беш аз 15 ҳазор манзил дар шимоли Уганда аз обхезиҳо зарар диданд
Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, сешанбе, 114-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҷавонон бо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд
Чин дар робита бо бориши шадид ҳушдори сатҳи «норинҷӣ» эълон намудааст
АЗ УРФУ ОДАТ ВА ФАРҲАНГИ БЕГОНА ПЕШГИРӢ МЕНАМОЕМ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд