«Тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал»-барномаи омӯзишӣ

Апрель 20, 2017 15:03

ДУШАНБЕ, 20.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади идомаи ислоҳоти маъмурӣ дар низоми ҳифзи иҷтимоӣ ҷиҳати баланд бардоштани малакаи мутахассисони тиббӣ ва кормандони иҷтимоӣ оид ба тавонбахшии маъюбон, барои роҳбарони муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон аз 17 то 20 апрели соли равон дар мавзӯи «Роҳбарӣ ва идоракунии «Тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал» дар Тоҷикистон» давраи омӯзишӣ ташкил карда шуд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Давраи омӯзишӣ дар доираи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» гузаронида шуд.
Ба иштирокдорон вобаста ба мавзӯъҳои «Шарҳи маҷмӯи асосии роҳбарӣ», «Роҳбарӣ чист?», «Ҷорӣ намудани тартиби асосии баҳодиҳӣ», «Вазифа ва таҳлили сабабҳо», «Амалҳои мубрам бо назардошти ҷинс ва маъюбият» маълумоти зарурӣ дода шуд.
Бояд гуфт, ки чунин дарсҳои омӯзишӣ баҳри роҳбарони марказҳои будубоши рӯзона барои пиронсолону маъюбон ва кӯдакони имконияташон маҳдуд низ ба нақша гирифта шудааст. Омӯзишҳо имкон медиҳанд, ки роҳбарони муассисаҳо бо донишҳои нав ва усулҳои инноватсионӣ дар муассисаҳои худ фаъолиятро ба роҳ монда, сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоиро баланд бардоранд.

Апрель 20, 2017 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид