Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бозиҳои XII Делфӣ ғолиби бахши «созҳои миллӣ» гардид

Апрель 24, 2017 12:16

ДУШАНБЕ, 24.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 18 то 23 апрели соли равон бо даъвати Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Кумитаи байналмилалии Бозиҳои Делфӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бозиҳои XII Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия иштирок намуд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ҳунармандони ҷавони тоҷик аз рӯи 5 бахш дар равияҳои академӣ, анъанавӣ, санъати иҷрокунандагӣ ва санъати тасвирӣ ҳунарнамоӣ намуда, Идибек Тошев — хонандаи мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М.Атоев дар бахши «созҳои миллӣ» ғолиби Бозиҳои XII Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил гардид.
«Фаъолияти Кумитаи байналмилалии Бозиҳои Делфӣ аз ҷониби 65 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардида, яке аз самтҳои афзалиятноки баргузории Бозиҳои Делфӣ- ин тарғиби ҳаракати байналмилалии ин бозиҳо, дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод, ҳавасмандгардонии фаъолияти эҷодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зебоишиносӣ, маънавиёти наврасону ҷавонон ва тарғиби арзишҳои фарҳанги миллӣ мебошад»,- хабар доданд аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Апрель 24, 2017 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид