«Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон»-вохӯрӣ дар шаҳри Норак

Апрель 19, 2017 17:07

НОРАК, 19.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади  расонидани  мазмун ва моҳияти Ваҳдати миллӣ ва арзишмандии он намояндагони Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак  бо фаъолони корхонаву муассисаҳо, имомхатибон, раисони маҳаллаҳо ва кормандони воситаҳои ахбори омма  вохӯрӣ  доир намуданд. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳр Ҳабиба Сафарова ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Дар вохӯрӣ иштирокдорон доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташаббусҳои инсондӯстонаву наҷиби Президенти кишвар дар масъалаи об, эълон гардидани Соли ҷавонон, таърихи қабул ва татбиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ҳамзамон аҳамияти таърихии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, пойдории сулҳу суботи комил ва бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол намудани 20-солагии Рӯзи Ваҳдати  миллӣ   ибрози назар карданд.

 

Апрель 19, 2017 17:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон вобаста ба меъморӣ ва шаҳрсозӣ конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд
Насби пойгоҳи базавӣ чӣ қадар арзиш дорад?
Тоҷикистон ва Узбекистон татбиқи лоиҳаҳои манфиатбахши муштаракро баррасӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0. 1185 то 0.1205 сомонӣ муқаррар шудааст