Варзишгарони Хатлон дар се моҳ 219 медал ба даст оварданд

Апрель 14, 2017 11:07

ҚӮРҒОНТЕППА, 14.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида  ба  Соли ҷавонон  дар  вилояти Хатлон  мусобиқаҳои варзишии  гуногун  доир мегарданд.  Тавре  аз  шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ҳоло таваҷҷуҳи зиёд ба баргузории  мусобиқаҳои варзишӣ дар навоҳии дурдасти вилоят равона мегардад. Аксари ин мусобиқаҳо дар доираи барномаи «Корвони маърифат»  баргузор мешаванд.

Ба  иттилои манбаъ,  дар семоҳаи аввали соли 2017 варзишгарони вилоят дар 16 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, соҳиби 219 медал гардиданд. Аз ҷумла, 58 медали тилло, 68 медали нуқра ва 93 медали биринҷӣ ба даст оварда шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016  65 медал зиёд мебошад.

 

Апрель 14, 2017 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд