Вазъи имрӯзаи бозори дохилии асъор: оё омилҳои иқтисодие ҳастанд, ки қурби асъори миллиро мӯътадил нигоҳ доранд?

Апрел 14, 2017 11:57
мусохиба-зафарчон Бурхонзода Вазорати рушди иктисод

ДУШАНБЕ, 14.04.2017 /АМИТ «Ховар»/.    Мушоҳида ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки рӯзҳои охир  вазъи бозори хариду  фурӯши асъори хориҷии  нақд дар ҷумҳурӣ ғайримуътадил гардида,  бештар болоравии қурби он ба назар мерасад.  Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала мухбири АМИТ «Ховар» бо Зафарҷон  Бурҳонзода, сардори Сарраёсати  таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»:  Имрӯз вазъи имрӯзаи бозори хариду фурӯши асъори хориҷии нақд ва қурби он нисбат ба  пули миллӣ дар қадом сатҳ қарор дорад?  

Зафарҷон  Бурҳонзода: Вазъи имрӯзаи бозори дохилии асъор ва қурби пули миллӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта нисбатан устувор бошад ҳам, вале коҳишёбии қурби нақдии сомонӣ ба назар мерасад, ки ин боиси ташвиши соҳибкорони ҷумҳурӣ ва аҳолӣ гардидааст.

Қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА аз аввали соли 2017 то 31 марти соли ҷорӣ 4,5 фоиз коҳиш ёфт, ки аз он 0,3 фоиз ба моҳи январ, 1,1 фоиз ба моҳи феврал ва 3,1 фоиз ба моҳи март рост меояд (дар ҳамин давраи соли 2016 – 10,7 фоиз коҳиш ёфта буд).

Бояд зикр намуд, ки аз аввали сол то ба ҳолати 12 апрели соли 2017 қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 7,8 фоиз коҳиш ёфт. Қурби фурӯши бозории доллари нақди ИМА дар ин давра ба андозаи 7,9 фоиз баланд шуд (дар ҳамин давраи соли 2016 – 4,2 фоиз афзоиш ёфта буд).

АМИТ «Ховар»: Тавре мушоҳида мешавад,  қурби доллар  нисбат ба асъори миллӣ зуд-зуд боло меравад.  Сабаби ин ҳолат дар  чист?

 Зафарҷон  Бурҳонзода:  Дар семоҳаи якуми соли 2017 ба тағйирёбии қурби пули миллӣ, пеш аз ҳама, омилҳои зерин таъсири худро расониданд:  афзудани ҳаҷми пули нақд дар муомилот бо назардошти амалӣ гаштани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дастгирии бонкҳои ба мушкилӣ дучоргардида, инчунин ба интиқолдиҳандагони рубли русӣ додани маблағҳои онҳо бо пули миллӣ, аз вазъияти баамаломада истифода бурдани шахсони воқеии алоҳида ва машғул шудан ба амалиёти ҳаннотӣ ва фаъолияти ғайрирасмӣ дар бозори хариду фурӯши асъори нақдии хориҷӣ, ҳамчунин афзоиш ёфтани фаъолияти истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ бинобар бекор гардидани маҳдудияти барқ ва чун натиҷа зиёд шудани талабот ба доллари нақди ИМА аз ҷониби соҳибкорон ва аҳолӣ.

Бояд зикр кард, ки ба вазъи имрӯзаи бозори хариду фурӯши доллари ИМА-и нақд омилҳои равонӣ ва ҳаннотӣ таъсир расонида, миёни аҳолӣ як ҳолати ногувори воҳимаю таҳлука ба миён омадааст.

Пайдо шудани фарқияти назаррас дар байни қурби бозори расмӣ ва ғайрирасмии хариду фурӯши доллари ИМА-и нақд боиси он гаштааст, ки шахсони воқеӣ ба таври оммавӣ бо мақсади гирифтани даромади ҳаннотӣ фурӯхтани асъори нақдро аз ташкилотҳои қарзӣ талаб менамоянд.

Ҳолати мазкур ва таъсири дигар омилҳо талабот ба доллари  ИМА-и нақдро якбора ба маротиб зиёд карда, ба мунтазам баланд шудани қурби фурӯши он ва фаъол шудани бозори ғайрирасмӣ сабаб гаштааст.

АМИТ «Ховар»: Чунин раванд, агар идома ёбад, он  ба иқтисоди миллӣ чӣ таъсир мерасонад?

  Зафарҷон  Бурҳонзода: Идома ёфтани раванди мазкур ба болоравии сатҳи нархҳо, яъне таваррум оварда мерасонад. Бояд қайд кард, ки сатҳи таваррум дар семоҳаи якуми соли равон (нисбат ба моҳи декабри соли 2016)  3,2 фоизро ташкил дод.

Мавриди  зикр аст, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ сатҳи таваррум дар соли 2017 дар доираи 7 фоиз пешгӯӣ гардидааст.

Болоравии сатҳи таваррум аз ҳисоби болоравии нархҳо ба маҳсулоти озуқаворӣ дар сатҳи 3,8 фоиз, молҳои ғайриозуқаворӣ  0,7 фоиз ва тарофаҳои хизматрасонӣ  5,8 фоиз ташаккул ёфтааст.

Тавре маълум аст, дар моҳи март нисбат ба моҳи феврал ҳам молҳои озуқаи истеҳсоли ватанӣ ва ҳам молҳои озуқаи воридотӣ қимат шудаанд, ки ба тағйироти қурби асъор, болоравии нархи сӯзишворӣ (бензин ва гази моеъ) вобаста мебошанд.

Қобили зикр аст, ки зиёд шудани талабот ба асъори хориҷӣ далели барқароршавии қобилияти харидории аҳолӣ, афзудани фаъолияти тиҷоратию истеҳсолии соҳибкорони инфиродӣ ва ширкату корхонаҳо ва дар маҷмӯъ рушди иқтисодиёт мебошад.

Дар ин маврид, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ба танзим даровардани ҳаҷми пули дар муомилотбуда, кам кардани фишорҳо ба қурб ва сатҳи таваррум, амалӣ кардани маҷмӯи тадбиру воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ ва чораҳои фаврии назоратиро идома дода истодааст.

 АМИТ «Ховар»: Оё омилҳои иқтисодие мавҷуданд, ки  қурби асъори миллиро муътадил нигоҳ доранд? 

  Зафарҷон  Бурҳонзода:  Яке аз омилҳои асосии танзими ҳаҷми пул- ин гузаронидани амалиёти мунтазами стерилизатсияи пули миллӣ тавассути фурӯши коғазҳои қиматнок аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон мебошад.

Омили дигаре, ки ба устувории қурби пули миллӣ мусоидат мекунад, ин баланд бардоштани меъёри бозтамвилмаҳсуб мешавад. Дар робита ба ин, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ меъёри мазкур аз 12,5 фоиз то 16 фоиз боло бардошта шуд.

Ибодат ДАВЛАТОВА

Апрел 14, 2017 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаридун ХакимовАз садамаи Чернобил 31 сол гузашт. Иштироккунандагони бартарафсозии оқибатҳои он дар ҳаёти ҷомеа фаъолона иштирок доранд
????????????????????????????????????Ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон ва Иттиҳод оид ба дастрасии молиявӣ (AFI)
Форуми Сохбкорони КАЗ+ТОЧ (14)Қазоқистон баъд аз Россия ва Чин дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ҷойгоҳи арзишманд дорад
Форуми Сохбкорони КАЗ+ТОЧ (5)Ба имзо расидани қарордод ба маблағи $ 3 миллион байни «Amitech Astana» ва «ПластСервис»-и Тоҷикистон
Бизнес Форум (2)Дар Душанбе имкониятҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон муаррифӣ шуданд
Доллар-0Шарҳи навбатии Бонки миллии Тоҷикистон оид ба вазъи қурби пули миллӣ ва бозори дохилии асъор
Встреча делегации Республики Таджикистан с Парламентским заместителем министра экономики, торговли и промышленности Японии (2)Баррасии истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ миёни намояндагони Тоҷикистону Япония
DSC_0104Нахустин намоишгоҳи миллии молҳои Ӯзбекистон дар Душанбе ифтитоҳ гардид
Х ЗарифиСафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Токио соҳибкорони Японияро ба ҳамкорӣ даъват намуд
Академияи илмхо16 апрел-Рӯзи илми тоҷик. Президенти АИ Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ оид ба натиҷаҳои олимони тоҷик дар солҳои Истиқлолият
Конфронси Байналмилали (1)Рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ
DSC_0433+Дар Душанбе Форуми байналмилалии соҳибкорони ҷавон оғоз гардид