Вазъи мураккаб дар ҷаҳон: ИМА дар Афғонистон бомбаи фавқулиқтидори ғайриҳастаӣ истифода кард

Апрель 14, 2017 17:14

ДУШАНБЕ, 14.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. ИМА бори аввал бомбаи фавқулиқтидори ғайриҳастаӣ «GBU-43»-ро дар Афғонистон бар зидди ҷангиёни гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» (ДИ, мамнӯъ дар Тоҷикистон) истифода кард. Дар ин бора «РИА Новости» бо истинод ба хадамоти матбуоти Пентагон хабар медиҳад.

Бомба, ки 9,5 тонна вазн дошт, аз ҳавопаймои MC-130 партофта шуд. Президенти ИМА Доналд Трамп аллакай ин зарбаро «рисолати хеле муваффақона»-и қувваҳои мусаллаҳи Амрико хонд. Кохи сафед ва Департаменти давлатии ИМА аз додани ҷузъиёти амалиёт худдорӣ намуда, бо суханҳои умумӣ онро шарҳ доданд.

Ҳоло аз ҷониби мақомоти расмии Афғонистон вокуниш нашудааст. Москва нигарон аст, ки озмоиши бомбаи нав ба даври нави муборизаи мусаллаҳшавӣ таҳдид мекунад.

Истифодаи бомбаи фавқулиқтидор дар Афғонистон баъди он, ки шаби 7 апрел неруҳои Амрико ба пойгоҳи ҳарбии Сурия зарба заданд, сурат гирифт. Бино ба маълумоти Пентагон, он гоҳ 59 мушак ба фурудгоҳи Шайрат, ки аз он ҷо ба гуфтаи ҳукумати Амрико ҳамлаҳои кимиёвӣ ба музофоти Идлиб роҳандозӣ гардидаанд, партоб карда шуд. Дар баробари ин, чанде пеш вазири корҳои хориҷии Сурия Валид Муаллим изҳор дошт, ки неруҳои ҳукуматии Сурия ҳеҷ гоҳ бар зидди сокинони осоишта ва террористон силоҳи кимиёвӣ истифода набурдаанд ва тасмим ҳам надоранд.

«Таъсири дипломатӣ»-и бомба

Аз ниҳоди ҳарбии Амрико ба «РИА Новости» иттилоъ додаанд, ки зарба рӯзи панҷшанбе ба минтақаи Ачини музофоти Нангарҳор зада шуд. Ҳадафи он ҷангиёни «Давлати исломӣ» ва системаҳои нақбии онҳо будааст, ки онҳоро барои аз як ҷо ба ҷои дигар рафтан истифода мекарданд. Бомбаи «GBU-43», ки пуриқтидортарин лавозимоти ғайриҳастаӣ аз ҷониби Амрико маҳсуб мешавад, истифода гардид.

Пентагон шарҳ дод, ки бомба аз ҳавопаймои ҳарбӣ-нақлиётӣ МС-130 партофта шуд. Талофоти террористон ҳоло муайян мешавад. Бино ба гуфтаи фармондеҳи неруҳои ИМА дар Афғонистон Ҷон Николсон, бомбаи пуриқтидор бахусус барои харобсозии нақбҳо ва паноҳгоҳҳои зеризаминии террористон зарур буд.

Трамп аллакай ин зарбаи неруҳои Амрикоро ҳамчун «рисолати хеле муваффақона» ном карда, зикр намуд, ки ИМА дорои қувваҳои мусаллаҳи бузургтарин дар ҷаҳон мебошад ва онҳо кори худро анҷом доданд.

Дар Департаменти давлатии ИМА зикр намуданд, ки истифодаи бомбаи фавқулиқтидор аллакай «таъсири дипломатӣ» дорад.

 Навбати кист?

Баъд аз истифода шудани бомбаи фавқулиқтидор аз ҷониби ИМА дар Афғонистон яке аз саволҳои асосӣ он гардид, ки «Акнун навбати кист?». Вале то ҳол ба ин савол ҷавоб нест. Намояндаи расмии Кохи Сафед Шон Спайсер аз ҷавоб ба ин ва дигар саволҳои марбут ба истифодаи бомба дар Афғонистон худдорӣ карда, ба онҳое, ки савол доданд, тавсия дод, ки ба Вазорати мудофиаи ИМА муроҷиат намоянд.

Дар баробари ин, Спайсер зикр кард, ки ИМА ҳангоми задани бомбаи фавқулиқтидор бар зидди ҷангиён тамоми чораҳои зарурии эҳтиётиро барои роҳ надодан ба талафоти сокинони осоишта ва хисорот бар асари амалиёт андешидаанд.

Дар ин бора низ то ҳол маълумот нарасидааст.

Бино ба тахмини директори маркази таҳлили ҳарбӣ ва сиёсии «Hudson Institute» Ричард Вайтс, истифодаи бомбаи фавқулиқтидори ғайриҳастаӣ дар Афғонистон бар зидди ҷангиёни «Давлати исломӣ» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) таъсири худро собит кард ва ин метавонад ҳамчунин ба Кореяи Шимолӣ огоҳӣ гардад.

Ба гуфтаи коршинос, «баъзе одамон ҷонибдори он мебошанд, ки истифодаи ин силоҳ эҳтимолан метавонист барои Кореяи Шимолӣ огоҳӣ гардад, ки мушакҳои зеризаминӣ ва дастгоҳҳои артиллерии онҳо метавонанд пеш аз оне, ки онҳо Сеулро хароб месозанд, нобуд гарданд».

Таҳдиди муборизаи мусаллаҳшавӣ

Дар Москва хабари истифодаи бомбаро аз ҷониби Амрико бо нигаронӣ дарёфтанд.

Бино ба хабаргузории «РИА Новости», сенатор ва собиқадори Хадамоти иктишофии беруна Игор Морозов инро таҳдиди вартаи нави мусаллаҳшавӣ хонд. Ӯ мутмаин аст, ки Росия бояд ба муҳокимаи ин масъала дар Шӯрои амнияти СММ оғоз намояд.

«Озмоиши бомбаи нав аз ҷониби ИМА дар Афғонистон ин кӯшиши ҳукмфармоӣ дар ҷаҳон бо истифода аз унсури таҳдидҳои ҳарбӣ, ки ба вартаи нави муборизаи мусаллаҳшавӣ ва зиёд шудани ташаннуҷ дар ҷаҳон таҳдид мекунад, мебошад», — гуфт сенатор.

Морозов ҳамчунин зикр намуд, ки ба ИМА машқгоҳи нав барои озмоиши силоҳ зарур аст. Ба гуфтаи ӯ, Афғонистон ҳамон машқгоҳе аст, ки ИМА онро истифода мекунад, зеро онҳо барои ҳузури ҳарбияшон ба ин кишвар маблағи зиёд сармягузорӣ кардаанд.

«Ин хатари нав барои Россия мебошад, чунки он ҷо зергурӯҳҳои ДИ ҷамъ мешаванд ва ИМА барои нигоҳ доштани ин иқтидор тадбир хоҳад андешид», — гуфт ӯ.

Ӯ таъкид намуд, ки агар ИМА барои носубот кардани вазъ дар робита ба Россия бо истифода аз озмоишҳои нави ҳарбӣ ё дастгирии террористон тадбирҳо андешад, он гоҳ «ҷавоби муносиб хоҳад гирифт».

 Аксияи намоишии қувваи ИМА

Мощная бомбаБа ақидаи сармуҳаррири маҷаллаи «Национальная оборона» («Мудофиаи миллӣ») Игор Коротченко, истифода шудани бомбаи пуриқтидори ғайриҳастаӣ дар ҷаҳон аз ҷониби ИМА дар Афғонистон аксияи намоиши қувва мебошад, ки барои тарсонидани мухолифон ва рақибони Вашингтон тарҳрезӣ шуда, рейтинги президенти Амрико Доналд Трампро дар дохили кишвар баланд мекунад ва дар баробари ин, зарурати амалии истифодаи чунин силоҳ як зумра масъалаҳоро ба бор меорад.

«Президент Трамп, чунон ки ҳамлаи мушакии беасоси ӯ ба Сурия нишон дод, ба эпатажи ҳарбию неруи майл дорад. Аввалин истифодаи ҷангии воқеии ин пуриқтидортарин лавозимоти ҷангиро бояд дар заминаи идомаи сиёсати ИМА оид ба тарсонидани рақибон ва фишор овардан ба онҳо баҳо дод», — гуфт Коротченко.

Ӯ тахмин намуд, ки аксияи мазкур, ки дар бораи он дар ВАО-и пешбари ҷаҳон иттилоъ нашр мешавад, бо ҷойгиркунии гурӯҳҳои ҳамлаовари Қувваҳои ҳарбӣ-баҳрии ИМА дар наздикии Кореяи Шимолӣ ва аксияҳои ҳарбии минбаъдаи имконпазири Вашингтон бар зидди Пхенян дар як вақт роҳандозӣ шуд.

Koротченко зикр кард, ки истифодаи чунин силоҳи пуриқтидор ва беназир аз ҷониби ИМА барои нест кардани системаи нақбҳои зеризаминии ҷангиёни ДИ дар Афғонистон аз нуқтаи назари амалӣ комилан беасос мебошад, ки бори дигар хислати намоишӣ доштани ин ҳамларо собит сохт.

«Аз нуқтаи назари амалӣ дар ҷанги зидди террористон истифода кардани чунин лавозимоти ҷангии пуриқтидор комилан зиёдатӣ мебошад, чунки имрӯз воситаҳои зиёди дигари ҷангӣ, ба монанди бомбаҳои садшикан, ки метавонанд системаи нақбҳои зеризаминӣ ва алоқа, ҳатто дар паноҳгоҳҳои кӯҳӣ муҷаҳҳазшуда ва инчунин дигар силоҳҳои «фарогирӣ» ва мушакҳои болдор»-рофаро мегиранд, вуҷуд доранд», — гуфт ӯ.

Тавре дар навбати худ директори барномаҳои ташкилотҳои ғайриҳукуматии «Green Cross» ва коршиноси соҳаи силоҳи қатли ом Пол Уокер зикр кард, истифодаи чунин силоҳ аз ҷониби ИМА дар Афғонистон нишон медиҳад, ки маъмурияти Доналд Трамп нисбат ба маъмурияти қаблӣ ба буҳронҳои байналмилалӣ хашмгинонатар муносибат мекунад.

«Истифодаи ин бомбаи беназир аз ҷониби маъмурияти нави Трамп нисбат ба маъмурияти қаблии ИМА муносибати сахттар ва хашмгинтарро ба буҳронҳо нишон медиҳад, ки ин огоҳии равшан ба рақибони хориҷӣ, ҳам кишварҳо ва ҳам террористҳо мебошад», — гуфт Уокер ба «РИА Новости».

Бомба афзалияти стратегӣ намедиҳад

Истифодаи бомбаи ғайриҳастаии пуриқтидор аз ҷониби ИМА дар Афғонистон ба ИМА ва шарикони он дар симои ҳукумати Афғонистон афзалияти стратегӣ намедиҳад, чунин меҳисобанд коршиносон дар ИМА.

Сарчашмаи низомӣ ва полковники мустаъфии артиши ИМА Даг Макгрегор эҳтимоли талафоти гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» (мамнуъ дар Тоҷикистон)-ро дар натиҷаи ин зарба ҳамчун муваффақияти тактикии Вашингтон арзёбӣ намуд. «Зарба ба маҷмааи зеризаминӣ дар Афғонистон, эҳтимол, ки 150-200 иштирокчии қисми афғонистонии гурӯҳи террористии ДИ-ро нобуд карда бошад. Ба ин маънӣ, ин муваффақияти тактикии хоксорона буд»,- гуфт ба «РИА Новости» Макгрегор.

Дар баробари ин, ӯ қайд намуд, ки истифодаи чунин силоҳ эҳтимол  барои ҷанг дар Афғонистон оқибатҳои муҳими стратегӣ хоҳад дошт. «Аз нигоҳи стратегӣ, зарба ба ҷанг дар Афғонистон, ки он ҷо 40 ҳазор ҷангии «Толибон» мавқеъи таи чанд соли охир аздастдодаро барқарор мекунанд ва артишу полиси машқдода ва мусаллаҳ кардаи Афғонистон аз сӯи ИМА-ро торумор мекунанд,  таъсир надошт»,-чунин мешуморад Макгрегор.

Таҳлилгари низомии Пажӯҳишгоҳи ба номи «Брукингс» дар Вашингтон Майкл О’Хэнлон ҳамчунин изҳор дошт, ки имконоти «модари ҳамаи бомбаҳо» аз будаш зиёд нишон додан аст.

«Ин силоҳ на супер-калон ва на супер-бад аст»,-гуфт О’Хэнлон.

 

Апрель 14, 2017 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ