Вазири тандурустӣ бо вазъи муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон шинос шуд

Апрель 13, 2017 17:32

ДУШАНБЕ, 13.04.2017 /АМИТ «Ховар»/.   Як гурӯҳ мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Чумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Насим Олимзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом доданд. Дар ин бора аз Вазорати мазкур хабар доданд.

Мутахассисони соҳа зимни сафар, ки  аз 10 то 12 апрел баргузор гардид, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон вохӯриҳо доир намуда, аз муассисаҳои ташхисию табобатӣ ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ дидан намуданд. Онҳо дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки роҳбарияти вилояти Хатлон ва роҳбарону масъулони муассисаҳои тандурустиву ҳифзи иҷтимоӣ мулоқоти судманд анҷом доданд.

Ҳамчунин  гурӯҳи корӣ   аз  Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Б. Воҳидов дидан намуд.  Дар вохӯрӣ   Насим Олимзода гуфт, ки   «Гарчанде дар давоми солҳои охир нишондиҳандаҳои солимии аҳолии вилоят беҳтар шуда бошанд ҳам, дар муқоиса бо баъзе ноҳияҳо дар сатҳи паст қарор доранд. Масъалаҳои мубрами соҳаи тандурустии вилоят нишондиҳандаҳои солимии модарону кӯдакон, вазъи хизматрасонии беморони гирифтори бемориҳои сироятӣ, алалхусус сил, сироятёбӣ бо Вируси норасоии масунияти одамро дарбар мегиранд. Яке аз масъалаҳои ташвишовар ин дар сатҳи баланд қарор доштани нашъамандӣ мебошад».

Пӯшида нест, ки яке аз омилҳои асосии барои хизматрасонии самаранок мусоидаткунанда ҳолати санитарию эпидемиологӣ ва шароиту муҳити ташхису табобат мебошад.

«Дар айни замон аз ҷониби роҳбарияти вилоят, мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳои ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо сохторҳои тандурустию ҳифзи иҷтимоӣ корҳои таъмирию барқарорсозии бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ, беморхонаҳои ноҳиявӣ, марказҳои будубоши рӯзона, хонаҳои маъюбону пиронсолон гузаронида шуда истодаанд»,- иброз дошт Насим Олимзода.

Апрель 13, 2017 17:32

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд