Владимир Путин: «Ба инқилоб дар ягон кишвари СААД (ОДКБ) роҳ намедиҳем»

Апрел 13, 2017 11:24

Хабарҳои мавзӯъ

Революции

ДУШАНБЕ, 13.04.2017./АМИТ «Ховар»/. Президенти  Россия Владимир Путин дар  мусоҳиба бо шабакаи телевизионии «Мир” шоми дирӯз иброз дошт, ки Москва ба инқилоби ранга дар ягон кишвари узви СААД (ОДКБ)   роҳ нахоҳад дод. Путин гуфт, Русия шариконаш дар ин созмонро дар муқобили талоши чунин инқилобҳо ҳимоят хоҳад кард.

Владимир Путин дар ин мусоҳиба, аз ҷумла, гуфт: «Мо назарияҳои мухталиферо медонем, ки дар минтақаҳои мухталифи олам роҳандозӣ мешаванд ва  боиси нооромии ҷиддӣ дар ин минтақаҳо мегарданд. Албатта,  мо ба чунин амалҳо набояд роҳ диҳем, Россия бо ҳар роҳу восита бояд   шарикони худро аз СААД (ОДКБ) пуштибонӣ кунад”.

Путин  ҳамчунин таъкид сохт, ки Россия бо фарқ аз Қазоқистон он шаҳрвандонашро, ки ба гурӯҳҳои террористӣ шомил шудаанд, аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум намекунад, вале метавонад аз муҳоҷироне, ки соҳиби шиносномаҳои Россия шудаанд, дар сурати ҳамкориашон бо гурӯҳҳои террористӣ ин шиносномаҳоро пас бигирад.

Хотиррасон менамоем, ки феълан ба СААД (Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ) Россия, Беларус, Тоҷикистон, Арманистон, Қазоқистон ва  Қирғизистон аъзо мебошанд. Тибқи ин паймон, дар сурати таҳдиди ҳамла ё таҷовуз ба хоки яке аз кишварҳои узви ОДКБ бояд дигар кишварҳои узви ин созмон ба кумак бирасанд.

 

 

Апрел 13, 2017 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ПентагонТрамп ба Пентагон барои ба Ироқ ва Сурия фиристодани неруҳои бештар иҷозат дод
Siriya-vojnaСММ дар бораи қурбон шудани даҳҳо нафар бар асари ҳамлаҳои ҳавоии эътилофи байналмилалӣ дар Сурия хабар дод
AfganВазири мудофиа ва сардори Ситоди артиши Афғонистон истеъфо доданд
Си ЧинпинСи Ҷинпин Трампро ба таҳаммулпазирӣ нисбат ба вазъи Кореяи Шимолӣ даъват кард
Kazahstan-1Қазоқистон: Парлумон ва Раёсати рӯҳонии мусулмонони Қазоқистон пешниҳоди Назарбоевро доир ба манъи риш ва либоси сиёҳи мусулмонӣ амалан ҷонибдорӣ намуданд
NazarbaevПрезиденти Қазоқистон манъи пӯшидани либоси сиёҳро пешниҳод кард
KolumbiyaШумораи қурбониёни ярч дар Колумбия ба 19 нафар расид
Mosul-1Дар Мосул яке аз ёварони роҳбари гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» нобуд карда шуд
Mosul-2Дар Мосул «мергани асосӣ»-и гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» нобуд карда шуд
ErdoganЭрдоган нақшаи «фавран ҷорӣ намудани ҳукми қатл»-ро баррасӣ карданист
siriya-detyДар Ҳалаб бар асари ҳамлаи террористӣ беш аз 60 нафар кӯдакон ба ҳалокат расиданд
IranШумораи қурбониёни обхезӣ дар шимолу ғарби Эрон ба 42 нафар расид