ЁДКАРДИ УСТОД АЙНӢ: имрӯз қаламкашони тоҷикро мебояд ба публисистика бештар рӯй биёваранд

Апрель 15, 2017 10:54

ДУШАНБЕ, 15.04.2017./АМИТ “Ховар”/. Имрӯз, 15 апрел, ба зодрӯзи адиби ҷаҳоншумул, бунёдгузори адабиёти даврони нави тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ 139 сол пур мешавад. Ба ин муносибат бамаврид аст  дар хусуси яке аз хидматҳои бузурги устод – дар замони худ ба пояҳои баланд бардоштани публисистикаи тоҷик ёдовар шавем. Чаро?

Аввалан, имрӯз, дар шароити раванди ҷаҳонишавӣ ва муборизаҳои шадиди иттилоотӣ зарурияти ҳимояи манфиатҳои давлату миллат, ҳифз, тарғибу ташвиқ ва рушду такмили арзишҳои миллӣ  ба миён омадааст ва, бинобарин, аҳамияти  публисистика дар замони имрӯза аз ҳарвақта бештар гардидааст. Зеро маҳз бо мулоҳизоту нигоришоти публисистӣ масъала ва мавзуҳои доғи рӯзро метавон зудтар, фаҳмотар ва сареҳтар ба таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа расонид.Дар робита ба ин суханони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро зимни суханрониашон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик 10 марти соли 2012 ба хотир меорем: «Вақте ки ба таърихи матбуотамон назар меафканем, қабл аз ҳама хизматҳои бузурги Қаҳрамони Тоҷикистон — устод Садриддин Айниро ба ёд меорем, ки ба хотири гузоштани асосҳои давлати мустақили мо анҷом додааст. Маҳз устод Айнӣ бо мақолаҳои ватандӯстонаву маорифпарварона ва сухани миллатсози худ ба бедории мардуми тоҷик такони ҷиддӣ бахшидааст».

Дар идомаи суханронӣ Ҷаноби Олӣ чунин иброз намуданд:   «Матбуоти имрӯзаи мо бояд ин мактаби арзандаву омӯзандаро ҳаргиз фаромӯш насозад ва анъанаҳои неки онро идома бахшад».

Воқеан ҳам,  имрӯз қаламкашони мо, удабо ва уламои моро мебояд  он мактаби бузургро аз нав эҳё намоянд, ба публисистика ҳарчи бештар рӯ биёранд ва публисистикашиносиро ба яке аз самтҳои афзалиятноки илм табдил диҳанд.

Вобаста ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ намоед ба мулоҳизаҳои судманди донишмандони тоҷик Мурод Муродӣ ва Масрур Абдуллоев.

ЖУРНАЛИСТИКА ВА ПУБЛИТСИСТИКАШИНОСӢ ЧУН САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ ИЛМ БОЯД ЭЪТИРОФ ГАРДАД

        Мафҳум, мазмун ва вазифаҳои публитсистикаро имрўз муҳаққиқони илми адабиётшиносӣ ва илми журналистика ба таври гуногун маънидод мекунанд. Илми адабиётшиносӣ публитсистикаро ҳамчун жанри алоҳида,  як навъи адабиёт, ва ё адабиёти аз ҳунари бадеӣ орӣ медонад. Ин фаҳмишҳо аз он сар зада, ки публитсистика табиати духўрагӣ дорад, аз як тараф, ба воқеияти иҷтимоӣ такя мекунад, аз ҷониби дигар, аз аносири ҳунарӣ баҳраманд мегардад. Ҷанбаи аввал ба журналистика ва ҷанбаи дуюм ба адабиёти бадеӣ мегаравад, аммо  таносуби ин гаравиш баробар нест, балки ҷанбаи воқеӣ афзалият дорад.  Ба ибораи дигар, публитсистика аз воқеияти мушаххаси давру замони муайян маншаъ мегирад.

Ҷойи шубҳае нест, ки публитсистика таърихи дерина дошта, гувоҳи алоқамандии он бо адабиёти бадеӣ аст, аммо дар инкишофи он пеш аз ҳама пайдоиши матбуот ва ташаккули воситаҳои дигари ахбори омма таъсир гузоштааст. Бе сабаб нест, ки дар қарни ХХ ва имрўз дар қарни XXI, ки онро қарни иттилоот ва ҳатто оғози эраи иттилоотӣ меноманд, публитсистика бо журналистика алоқамандии бештар пайдо кардааст.

Лозим ба ёдоварист, ки имкониятҳои матбуоти даврӣ таъиноти публитсистикаро тағйир дода, омилҳои иҷтимоӣ ва сиёсиро дар он пурзўр намуд. Публитсистика  ҳамчун навъи эҷоди муътақид ба воқеияти иҷтимоӣ эътироф гардида, масъалаҳои шинохти назарии он мавриди баҳси олимону муҳаққиқон қарор гирифт.

Айни Публицистика

Масъалаҳои чӣ будани публитсистика ҳарчанд дар нимаи дуюми асри XIX аз ҷониби олимони рус ба баҳси илмӣ ворид шуда, ба шарофати корҳои илмии В.В. Воровский, А.В. Луначарский, С.Г. Шаумян ва дигарон таҳқиқотҳои публитсистӣ ривоҷ ёфта, бахусус дар давраи аввали ҳокимияти советӣ дар Россия ва ҷамоҳири пешрафта нуфузи зиёд пайдо кард, аммо ба ҷанбаҳои назарӣ ва ҳамчунин махсусияти осори ин навъи эҷод, асосан баъд аз даҳсолаи 1970 таваҷҷуҳ бештар гардид. Дар ин даҳсола дар публитсистикашиносии шўравӣ пажўҳишҳои зиёде ба анҷом расиданд, ки таълифоти П. С. Карасев «Проблемы теории публицистики» (Л., 1973), В. М Горохов. «Закономерности публицистического творчества» (М., 1975), Е. П. Прохоров «Публицист и действительность» (М., 1973), «Искусство публицистики: Размышления и разборы» (М., 1984),  М. С. Черепахов  «Проблемы теории публицистики» (М., 1973), «Таинство мастерства публициста» (М., 1985), В. В Ученова. «Гносеологические проблемы публицистики» (М., 1971), «Основные направления разработки теории публицистики (М., 1978), «Публицистика и политика» (М., 1979) аз ҷумлаи онҳост. Дар фазои илмии шўравӣ, масъалаҳои назарии публитсистика, асосан, аз ҷониби адибон ва адабиётшиносон дар алоқамандӣ бо хосияти адабиёти бадеӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Аз ҷумла, пажўҳишҳои олимони тоҷик М. Шукуров «Тадқиқи бадеӣ ва ҷанбаи публитсистӣ» (Садои Шарқ, 1976, №1), А. Саъдуллоев «Публитсистикаи Мирзо Турсунзода» (1988), «Хосияти адабиёт» (2000) ва дигарон дар ҳамин рўҳия аст.

Ҳамин тавр, дар солҳои 80-уми асри гузашта бо шарофати пажўҳишҳои як зумра муҳаққиқон амсоли В.М. Горохов, Е.И. Журбина, Я.Н.Засурский, В.И.Здоровега, Карасев П.С., Е.П.Прохоров, Е.Н. Пронин, Ю.В.Суровцев, В.В.Учёнова, М.С.Черепахов илми публитсистикашиносии шўравӣ ташаккул ёфт. Баъдтар бо таъсири таълифоти ин муҳаққиқон дар публитсистикашиносии тоҷик низ пажўҳишҳои алоҳида, омехта ва муштарак ба вуҷуд омаданд, ки асарҳои И.К. Усмонов «Назарияи публитсистика» (1998), П. Гулмуродзода «Публицистика и действительность» (2002), «Маорифпарварӣ ва низоми нави ҷаҳон» (2006), А.  Азимов «Публитсистика ва замони муосир» (2004), М.Б. Муродов «Аз замон то замон» (2010), Сатирическая публицистика в таджикской периодической печати (проблемы истории, теории и практики (2011), «Публитсистикаи ҳаҷвӣ» (2015), М.А. Абдуллоев  «Таджикская публицистика и национальная идентичность» (2014), Ш.Б. Муллоев «Жанрово-тематическое своеобразие таджикской публицистики времен ВОВ (1941-1945)» (2015), Н. Солеҳов ва А. Саъдуллоев «Муаммои назарияи публитсистика» (2015) намунаи онҳост. Ин китобҳо, ки хусусияти пажўҳиши илмӣ, воситаи таълимӣ ва маводи дарсӣ доранд, баъзе ҷанбаҳои масъалаи мавриди назарро низ фаро мегиранд. Бахусус дар китоби охир доир ба шинохти публитсистика ва баъзе ҷанбаҳои назарии он андешаҳои ҷолиб ироа шудааст.

Ағлаби назарияпардозон ва муҳаққиқин хусусияти публитсистикаро дар воқеӣ будани мавзўъ, бо факт асоснок гардонидани он, образнокии сухан, оҳангҳои иҷтимоӣ ва мавқеъгириҳои сиёсӣ дониста, таъиноти онро тарғиби ғояҳои пешқадам ва таъсири бевосита ба афкори умум муайян кардаанд. Дар замони имрўз, ки бо инкишофи техникаву технология, аз ҷумла рушди Интернет навъҳои гуногуни муошират ба вуҷуд омада шакл мегирад, муносибати журналистӣ ва публитсистӣ низ ашколи тоза пайдо мекунад. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки публитсистика куҳна нашудааст ва мубрамияти он низ коҳиш наёфтааст, аммо талаботи ҷомеа дигаргун мешавад ва муносибати журналистӣ ва публитсистӣ низ тағйир меёбад. Имрўз ҷомеа тақозо дорад, ки масъалаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ на танҳо дар доираи маҳал, балки берун аз он дар фазои ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор гиранд. Ин тақозои замони муосир, аз як тараф, аҳамият ва муҳиммияти боз ҳам бештар пайдо кардани журналистика ва публитсистикаро нишон диҳад, аз сўйи дигар, сатҳи баланд ва мақоми ҷаҳонӣ пайдо кардани мавзўоти баҳси онро мефаҳмонад. Далели барҷастаи ин ҳолат муборизаҳои сиёсиву ғоявии байни давлатҳо, ҳизбу ҳаракат ва созмонҳои гуногун аст. Дар ин раванд мубориза барои ҳифз ва ҳимояи манфиатҳои милливу кишварӣ дар ҷойи аввал меистад. Ҳифзи манфиатҳои миллӣ вазифаи як нафар ва ё гурўҳи алоҳида нест, балки вазифаи тамоми ҷомеа аст. Дар маърифатнокии ҷомеа, болобурди фаъолмандии касбиву шаҳрвандии мардум, ташкили муборизаҳои оқилонаву созанда баҳри татбиқи ин ё он барномаҳои муҳимми давру замон, ниҳодҳои гуногуни иҷтимоӣ нақш гузоранд ҳам, дар шароити имрўзаи ҷаҳонишавии иттилоот ҳеҷ яке аз онҳо мисли журналистика, ВАО ва публитсистика имконият ва афзалият надорад. Дар шароити муосир на фақат ба онҳо таваҷҷуҳ бештар шудааст,  балки таносуби публитсистӣ ва оҳангҳои иҷтимоӣ дар адабиёти бадеӣ низ афзалият пайдо кардааст. Имрўз мо маҳз тавассути публитсистика ва публитсистон метавонем бо истифода аз воситаҳои гуногуни ахбори омма фазои иттилоотии кишварро соҳибӣ кунем, набзи онро муайян намоем, байни қишрҳои гуногуни ҷомеа мубодилаи афкор ва умумияти иҷтимоӣ ба вуҷуд орем, суханро ба кор бадал созем.

Ин ва дигар ҳолатҳо нишон медиҳад, ки ҷомеаи имрўз ба журналистика ва публитсистика бештар ниёз дорад. Чунончи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамавқеъ зикр кардаанд: «Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд». Воқеан ҳар кишвар манфиатҳои миллии худро дорад, ки дар роҳи ҳимоя ва вусъатбахшии онҳо бештар ВАО ва публитсистика метавонанд таъсиррасон бошанд.

Дар фаҳмиши илмии муосир мафҳуми публитсистика тобишҳои гуногун пайдо кардааст. Аз як тараф, ба маънои васеъ зери ин мафҳум тамоми журналистика фаҳмида мешавад, аз тарафи дигар дар фаҳмиши нисбатан маҳдуд баъзе шаклҳо ва ё жанрҳои журналистика маънидод мегардад. Бояд дар назар дошт, ки зери мафҳуми “журналистика” на танҳо фаъолияти рўзмарраву амалии журналистӣ, балки самти илми мустақил низ фаҳмида шуда, маҳз ба ин хотир, рисолаҳои илмӣ — ҳам оид ба публитсистика ва ҳам оид ба фаъолияти ВАО — дар самти журналистика дифоъ мешаванд. Ҳамчунин арзишҳои муаллифии мустақим, изҳори эҳсоси шаҳрвандӣ, ҷаҳонбинии иҷтимоӣ ва маҳорати касбиро низ  метавон ба предмети публитсистикашиносӣ нисбат дод.

Тавре ишора шуд, агар дар ибтидо публитсистика ҳамчун намуди махсуси адабиёт дар қаринаи адабиёти илмӣ ва бадеӣ шинохта мешуд, имрўз он хусусиятҳои ҷудогона пайдо намуда, ба шакли махсуси эҷод мубаддал гардидааст, ки инъикоси воқеият, тарғиби ғояҳои иҷтимоӣ ва ташаккули афкори оммаро дар назар дорад. Имрўз публитсистика танҳо майл ба адабиёти бадеиву таърих надорад, балки майли он ба сотсиология, сиёсатшиносӣ, равоншиносӣ бештар шудааст.  Мафҳуму ифодаҳои «ҷанбаи публитсистӣ», «рўҳи публитсистӣ», «мабнои публитсистӣ», «оҳанги публитсистӣ», «тамоюли публитсистӣ» ва амсоли ин, имрўз духўрагии худро коҳиш дода, омили сирф публитсистиро касб намудаанд.

Бо дигаргун шудани таъинот ва нақши ВАО самти пажўҳиши ин соҳа низ тағйир хўрд. Агар самти пажўҳишҳои илмии ин соҳаро қаблан, ағлаб масъалаҳои таърихӣ ва амалӣ ташкил медод, имрўз таваҷҷуҳ ба мавзўоти технологияи касбӣ, роҳу тариқаи истифодаи воситаҳои техникии замонавӣ, татбиқи технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти ВАО, иртибот бо аудитория ва ғайра бартарӣ пайдо намудааст.

Ҳолат, хусусият ва таъиноти журналистика ва публитсистикаи муосир тақозо менамояд, ки муносибат ба таҳқиқи он тағйир ёбад, рўҳи замонавӣ пайдо кунад, то натиҷаҳои илмии ҳосилшуда бо раванди ҷомеаи муосир ва инкишофи соҳа таъсири бештар расонад.

Ин ва дигар омилҳо нишон медиҳанд, ки заминаҳои ташаккули илмҳои публитсистикашиносӣ ва журналистика дар кишвари мо ҳаматарафа фароҳам шуда, предмети омўзиш ва пажўҳиши он муайян ва мушаххас шудааст. Ин аст, ки ҳамасола дар самти журналистика аз рўйи ихтисоси 10.01.10. чандин рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ бомуваффақият дифоъ мегарданд.

Аммо мутаассифона журналистика ва публитсистикашиносӣ ҳамчун илми алоҳида дар “Номгўи самтҳои афзалиятноки инкишофи илм, техника ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дохил карда нашудааст. Ба андешаи мо, дар асри рушди иттилоот, вақте ки омилҳои амнияти иттилоотӣ дар ҷаҳони муосир ба мадди аввал баромадаанд, журналистика ва публитсистикашиносӣ бояд яке аз самтҳои афзалиятноки инкишофи илм дар Тоҷикистони соҳибистиқлол эътироф гардад.

Самтҳои таҳқиқи ин соҳаи илмро дар ҷанбаҳои зерин метавон ба шакл даровард: а) журналистика ва публитсистика ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ; б) журналистика ва публитсистика ҳамчун фаъолияти маърифатноки инсон (эҷодкор); в) журналистика ва публитсистика ҳамчун навъи мустақили фаъолияти эҷодӣ; г) марҳилаҳои ташаккул ва инкишофи журналистика ва публитсистикаи тоҷик ва хусусиятҳои он дар алоқаманди бо рушди ҷомеа; ғ) нақши журналистика ва публитсистика дар ташаккули афкори иҷтимоӣ, баланд бардоштани масърифати иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мардум; д) махсусияти журналистика ва публитсистикаи замони истиқлол; е) рушди технологияи замонавӣ, афзалиятҳои ВАО, имконоти эҷодӣ ва иҷтимоии журналистика ва публисистика.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки шомил намудани ин соҳа ба номгўйи мазкур, на танҳо ба инкишофи ин соҳаи муҳимми илм, балки дар пешрафти ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа таъсири назаррас хоҳад гузошт.

Мурод МУРОДӣ

д.и.ф., профессори ДМТ

Масрур АБДУЛЛОЕВ

д.и.ф., профессори ДСРТ

Апрель 15, 2017 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗ АЗ НИГОҲИ АСТРОНОМӢ. Имсол дар Тоҷикистон Наврӯз 20 март фаро мерасад
21-УМИ МАРТ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО – ПАЗИРОИИ ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳои ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода
Нақши «дипломатияи фарҳангӣ» дар ташаккули симои мусбати давлат дар хориҷа назаррас аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли равғани зард эҳтимоли гирифтор шудан ба сироятҳои гуногуни вирусиро коҳиш медиҳад
ПИРЯХҲО-ҚИСМИ МУҲИМИ БИОСФЕРА ВА ОБЪЕКТИ ТАҲҚИҚОТИ ГЕОЭКОЛОГӢ. Андешаҳои дотсент Ҳаким Ғаюров дар ин маврид
НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ: АЗ ҶАШНИ МИЛЛӢ ТО БА ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Наврӯз ҷашни бостонӣ ва покию садоқат аст
Барои беҳтар намудани вазъи китобхонаҳо ва тарғиби бештари китоб чӣ тадбирҳо бояд андешид?
ПАЙДО ШУДА ДАР СУХАН МУҲАММАД ҒОИБ. Андешаҳо дар мавриди симои инсонии Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб
«ҶАҲОНРО БА ДОНИШ ТАВОН ЁФТАН…». Андешаҳо дар ҳошияи таъкидҳои Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
ПЕШВОИ МИЛЛАТИ НАВРӮЗ. Наврӯз чун ҷашни таҳаммулпазирию созандагӣ мардумро ба бунёдкорӣ даъват менамояд
Ҳамдилӣ, ватандӯстӣ ва заҳмати содиқона – сипари боэътимод ба муқобили ҷаҳолат, хурофот ва хатару таҳдидҳои замон
14 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДАРЁҲО. Оби дарёҳои Тоҷикистон 55,4 фоизи ҳаҷми миёнаи солонаи оби ҳавзаи баҳри Аралро ташкил медиҳад