13 май-Рӯзи байналмилалии паррандаҳои кӯчанда: Дар Тоҷикистон лаклаки сафед дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад

Май 13, 2017 12:28

ДУШАНБЕ, 13.05.2017/АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола шанбеи ва якшанбеи дуюми моҳи майро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун Рӯзи байналмилалии паррандаҳои кӯчанда қайд менамояд.

Паррандаҳои кӯчанда паррандаҳое мебошанд, ки дар мавсимҳои муайяни тирамоҳ ва баҳор бинобар сабаби иваз шудани иқлим ба мамлакатҳои гарм кӯч мебанданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки дар мавсими тирамоҳу баҳор дар минтақаҳои муайяни он паррандаҳои зиёди кӯчандаро дидан мумкин аст.

Saidov-1-6-768x478Бино ба иттилои доктори илмҳои биология Абдусаттор Саидов, аз 400 намуди паррандае, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуданд, 140 намуди онҳо паррандаи кӯчанда мебошанд, ки  дар мавсимҳои муайян аз қисмати шимол, яъне аз Қазоқистони Шимолӣ ва Сибир ба кишвари мо парида меоянд.

Лаклаки сафед, ки яке аз намояндагони калонҷуссаи қатори паррандагони почадароз маҳсуб меёбад, дар шароити Тоҷикистон паррандаи кӯчанда ва лонагузоранда ба ҳисоб меравад.

Абдусаттор Саидов мегӯяд, ки дар Осиёи Марказӣ зернамуди туркистонии лаклаки сафед (Ciconia ciconia asiatica, 1758) вомехӯрад, ки сокини хоси экосистемаҳои обию ботлоқӣ ба ҳисоб меравад.

Ба маълумоти номбурда, лаклакҳо дар дарахтони баланд (сафедор, бед, чинор), иншоот ва манораҳои кӯҳна, инчунин симчӯбҳои хати барқ лона мегузоранд. Барои лаклаки сафед садоқат ба лонаи кӯҳна хос мебошад. Лаклакҳо як лонаро дар давоми якчанд сол истифода мебаранд. Лонаи лаклаки сафед то андозае калонҳаҷм ва аз шохчаҳои хушки дарахтону буттаҳо иборат мебошад. Лаклакҳо дар наздикии маҳалҳои аҳолинишин лона мегузоранд. Онҳо одатан аз 2 то 5 дона тухм мегузоранд. Тухмгузорӣ дар моҳҳои март-апрел ва аз тухм баромадани чӯҷаҳо то нимаи моҳи май ба вуқӯъ мепайвандад.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, лаклаки сафед паррандаи бағоят фоидаовар буда, яке аз ҳалқаҳои муҳими экосистемаҳои обию ботлоқӣ ба ҳисоб меравад. Ин парранда ҳашарот, қурбоққаи кӯлӣ, моҳиҳо, моллюскҳо, калтакалосҳо ва морҳоро ғизо намуда, дар нигоҳ доштани тавозуни экологӣ нақши муҳим мебозад. Илова бар ин, лаклакҳо дар агроэкосистемаҳо шумораи зараррасонҳои зироати кишоварзиро ба танзим медароранд.

 

Дар гузаштаи на он қадар дур лаклаки сафед дар минтақаҳои ҳамвори Тоҷикистони Шимолӣ, водиҳои Зарафшон ва Ҳисор, инчунин поёноби дарёи Кофарниҳон васеъ паҳн гардида буд. Дар 50 соли охир дар Тоҷикистон масоҳати паҳншавӣ ва шумораи лаклаки сафед хеле маҳдуд гардид. Ин парранда феълан дар водиҳои Зарафшон ва Ҳисор, инчунин ноҳияҳои ҷанубию ғарбии Тоҷикистон дигар вонамехӯрад.

Сабаби ин минтақаҳоро тарк кардани лаклаки сафедро Абдусаттор Саидов дар азхудкунии ботлоқзор ва мавзеъҳои обию ботлоқӣ барои кишти зироати кишоварзӣ, буридани дарахтони кӯҳна ва вайрон намудани иморату иншооти кӯҳнаи баланд, истифодаи заҳрхимикатҳо дар майдонҳои кишоварзӣ арзёбӣ намуд.

Нависандаи табиатшинос Маҷид Салим низ сабаби камшавии лаклаки сафедро дар тағйирёбии иқлим, азхудкунии ҷангалҳо ва маҳдуд кардани мавқеи зиндагии онҳо маънидод кард. Ба маълумоти Маҷид Салим, яке аз хусусияти аҷоиби ин парранда он аст, ки вақте бачаи лаклак бемор мешавад, лаклаки нарина ба хотири сироят накардан бачаи беморашро аз боло ба замин мепартояд.

white-stork-4 white-stork-2

Алҳол қитъаҳои лонагузории ҷудогонаи лаклаки сафед танҳо дар ҳудуди ноҳияҳои Исфара ва Конибодом боқӣ мондаанд. Аз рӯи баҳисобгирии охирин, шумораи умумии ҷуфтҳои лаклакҳои лонагузоранда дар ин ноҳияҳо аз 12-16 фард зиёд нест. Бо назардошти ин ҳолат, лаклаки сафед ҳамчун намуди «дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта» (EN), барои ворид намудан ба нашри дуюми «Китоби сурх»-и Тоҷикистон тавсия карда шудааст.

Аз қадимулайём мардуми таҳҷоӣ лаклаки сафедро ҳамчун паррандаи муқаддас пазируфта, ба он эҳтироми хоса доранд. Ин парранда рамзи некӣ ва хушбахтӣ ба ҳисоб меравад.

Барои ҳифзу нигаҳдорӣ ва афзун гардонидани шумораи лаклаки сафед дар Тоҷикистон Абдусаттор Саидов зурур мешуморад, ки қитъаҳои лонагузории он таҳти муҳофизат қарор дода, дар мавзеъҳои ғизогирии онҳо  истифодаи заҳрхимикатҳо манъ карда шавад, мониторинги мунтазам оид ба баҳогузории ҳолати популятсияи он,  тарғиби донишҳо оид ба хусусиятҳои экологии ин намуди парранда  дар байни оммаи васеи мардум ба роҳ монда шавад.

 

Мавҷуда АНВАРӢ

 

Май 13, 2017 12:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид