15 май — Рӯзи байналмилалии оила: дар фарҳанги мардуми тоҷик оила ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст

Май 15, 2017 13:16

ДУШАНБЕ, 15 .05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи байналмилалии оила, ки соли 1993 бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ эълон гардидааст, ҳамасола 15 май таҷлил мегардад.

Мақсад аз таҷлили ин ҷашн- ҷалби диққати давлату ҷомеа ба мушкилоти мавҷудаи оила мебошад. Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.  Ҳамаи инро ба назар гирифта, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   соли 2015-ро Соли оила эълон намуда буданд.

Имсол бахшида ба Рӯзи оила  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузории як силсила барномаҳоро ба нақша гирифтааст.

Тавре ки аз Кумитаи кор бо занон ва оила  ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд,  ба муносибати ин рӯз  Кумита   дар   Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявро дар мавзӯи «Кафолати ҳимояи давлатии оила ҳамчун асоси ҷамъият» баргузор намуд. Ҳадафи он дарки муҳимияти мафҳуми оила дар ташаккул ва пешрафти давлат ва ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ буд.

Бо ташаббуси Кумиати мазкур  13 майи соли равон   дар боғи «Ирам» дар байни оилаҳои ҷавон  озмуни  варзишӣ баргузор гардид. Инчунин дар ноҳияи Рӯдакӣ ду тӯйи домодиву арӯсӣ ва хатнасури 10 нафар кӯдакон аз оилаҳои  камбизоат гузаронида шуданд.

Имрӯз дар боғи «Ирам»  бо иштироки намояндагони   Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи  ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва доктори илмҳои равоншиносӣ ва иқтисодӣ Саидмурод Давлатов бо донишҷӯён   ҷамъомад  баргузор  мегардад.

Бояд гуфт, ки дар доираи Рӯзи байналмилалии оила дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  барномаҳои фарҳангӣ ва тарбиявӣ доир мегарданд.

 

Ибодат  ДАВЛАТОВА

 

 

 

Май 15, 2017 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт