20 май-Рӯзи умумиҷаҳонии метрологҳо: таърихи ташаккули метрологияи тоҷик аз аҳди Сомониён сарчашма мегирад

Май 20, 2017 10:21

«Акнун агар муҳандис бошӣ ва массоҳ дар ҳисоб қодир бош, зинҳор, ки як соат бе такрори ҳисоб набошӣ, ки илми ҳисоб илми ваҳшӣ аст. Пас агар замине паймоӣ, … нагӯӣ, ки инро бар як масоҳат бикунам ва боқӣ ба тахмин, ки ҳисоби масоҳат тафовути бисёр оварад».

Унсурулмаолии Кайковус

   ДУШАНБЕ, 20.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. 20 май ҳамасола дар саросари дунё  Рӯзи умумиҷаҳонии метрологҳо таҷлил мегардад. Рӯзи  метрологҳо ба санаи  ба имзо расонидани Созишномаи метрӣ (Metre Convention) 20 майи соли 1875  дар Париж  зимни баргузории конфронси  байналмилалии дипломатӣ рост меояд. Бояд тазаккур дод, ки дар асоси ин  Созишнома Созмони байналмилалии байниҳукуматии воситаҳои ченак таъсис дода шуд.   Алҳол 70 кишвари ҷаҳон ба  Созишномаи метрӣ  ҳамроҳ гардидаанд.

Ҳамзамон дар асоси Созишномаи  метрӣ Бюрои байналмилалӣ (International Bureau of Weights and Measures, BIPM)  оид ба ченаку вазн, инчунин нахустин озмоишгоҳи  ҷаҳонии илмию тадқиқотӣ созмон дода шудаанд. Ин Марказ   дар самти тавсеаи ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии илми воситаҳои ченак ва ҷорӣ намудани дастовардҳои он дар рушди истеҳсолот, фаъолияти тиҷоратӣ ва  дигар паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеа маркази муҳим ба ҳисоб меравад.

Созишномаи метрӣ ба пешрафти илмӣ-техникии ҳамаи давлатҳо таъсири мусбат гузошт, чунки маҳз тавассути он системаи метрии андозаҳо ва баъдтар системаи байналмилалии воҳидҳо созмон ёфт, ки дар асоси он системаи байналмилалии ченак таъсис гардида, ҳоло  амал мекунад.

DSC08706Агар ба таърихи ташаккули метрологияи тоҷик  назар афканем, он ҳанӯз аз даврони давлатдории Сомониён сарчашма мегирад. Яке аз девонҳои давлати Сомониён девони Муҳтасиб ном дошт.  Дар ин бора аллома Бобоҷон Ғафуров дар асари худ «Тоҷикон» чунин  нигоштааст: «Девони Муҳтасиб ба бозор, тарозу, молҳои фурӯши барзгарон ва пешаварон назорат мекард. Вай метавонист фурӯши молҳои қалб ва номарғубро боз дорад ва ба нархи гарон фурӯхтани маҳсулотро манъ кунад. Шаҳре набуд, ки муҳтасиби худро надошта бошад».

Дар давраҳои мавҷудияти Ҳукумати Шӯравӣ хадамоти метрологӣ аввалин маротиба соли 1926 баъди ба табъ расидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии  Тоҷикистон «Дар бораи дар шаҳри  Душанбе ташкил намудани шуъбаи муваққатии санҷишгузаронии метрологии палатаи ченаку  вазн» таъсис дода шуд.

Соли 1929 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аввалин маротиба Хадамоти мустақили давлатии метрологӣ — палатаи ченаку вазн  ташкил ёфт.

Баъдтар, ин шуъбаи хурди санҷишӣ давоми мавҷудияти худ дар давраҳои Шӯравӣ пайваста рушду равнақ ёфта, то солҳои 90-ум аллакай ҳамчун Маркази стандартизатсия, метрология ва сертификатсия на танҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар ҳама вилоятҳои ҷумҳурӣ ҷузъҳои худро таъсис дода, фаъолият мекард.

Баъди соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон фаъолияти «Тоҷикстандарт» дар самтҳои стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мунтазам такмил ёфта, ба комёбиҳои нав ба нав ноил гардид.  Имрӯз «Тоҷикстандарт» қудрат дорад масъалаҳои  ба тамоми самтҳои фаъолияти Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия  вобастаро мустақилона ҳаллу фасл намояд.

Сардор иРаёсати метрология Сухроб Ашурзода«Фаъолияти метрологӣ оид ба таъмини ченаки ягона дар ҷумҳурӣ  дар асоси манбаи маҳакҳои давлатӣ, яъне воситаҳои ченаки намунавии ниҳоят дақиқ ба роҳ монда шудааст»,- иброз намуд сардори Раёсати таъминоти воситаҳои ченаки Агентии «Тоҷикстандарт» Суҳроб Ашӯрзода. Мавсуф афзуд, ки барои нигоҳ доштани ягонагии ченак дар ҷумҳурӣ «Тоҷикстандарт» мунтазам тибқи нақша воситаҳои ченаки намунавӣ (маҳакҳо)-ро барои аз аттестатсияи метрологӣ гузаронидан ба озмоишгоҳҳои махсусгардонидашудаи донишкадаҳои илмию тадқиқотии метрологии Россия,  Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳои ИДМ мефиристад.

Манбаъҳои моддӣ — техникии Хадамоти давлатии метрологии Агентии  «Тоҷикстандарт»  солҳои охир  боз ҳам густариш ёфта истодааст.  Озмоишгоҳҳои метрологии дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои минтақавӣ бо таҷҳизоти ҳозиразамони метрологию санҷишӣ таҷҳизонида шуданд. Ин имконият дод, ки талаботи рӯзафзуни бахшҳои иқтисодиёти кишвар дар соҳаи назорати давлатии сифати маҳсулот, таъминоти метрологии истеҳсолот, ҳолату истифодабарии воситаҳои ченак ва санҷиш қонеъ гардонида шавад.

Суҳроб Ашӯрзода зикр кард, ки солҳои охир озмоишгоҳҳои метрологии Агентӣ бо дастгоҳи нави 551031М ва LQ-100C барои санҷиши ҳисобкунакҳои газӣ бо дараҷаи саҳеҳии 0,5%, дастгоҳи навъи МК 6801 бо дараҷаи саҳеҳии 0,05% барои санҷиши ҳисобкунакҳои барқӣ, калибратори ченкунии тавоноии навъи ОМА-76601, ҳисобкунаки намунавии барқии навъи С6802 бо дараҷаи саҳеҳии 0,1% ва 0,2%, калибратор-ченкунаки сайёри навъи ZM-3001 барои санҷиш ва назорати термометрҳои муқовимат, термопараҳо, асбоби табдилдиҳандаи энергия барои баланд бардоштани самарнокии корҳои санҷишӣ, ғалтаки шиддаташ баланд барои санҷиши ҳисобкунакҳои як ва сефазагӣ, ваттметр ва амперметрҳои рақамӣ барои санҷиши амперметр, волтметр, ваттметрҳо ва трансформатори иқтидораш то 10А бо дараҷаи саҳеҳии 0,02%  муҷаҳҳаз гардонида шуданд.

Ҳамчунин дар дастгоҳи марказӣ, ду маркази Агентӣ дар  Суғду Хатлон ва дигар минтақаҳои кишвар  озмоишгоҳҳои нави санҷиши ҳисобкунакҳои газӣ ва обӣ бо дастгоҳҳои замонавӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.

метрологияСардори Раёсати Агентии «Тоҷикстандарт» ҳамчунин гуфт, ки  чор стандарти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика таҳия ва дар таҷриба ҷорӣ кунонида шуданд. Инчунин ҳуҷҷати меъёрии «Қоидаҳои баҳисобгирии газ» таҳия ва бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ   мавофиқа гардонида шуд. Дар айни замон дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа се озмоишгоҳи санҷишӣ оид ба муайян намудани сифат ва бехатарии таҷҳизоти барқии каммасраф фаъолият намуда истодаанд.

Бояд зикр намуд, ки бо ибтикори роҳбарияти Агентӣ аз Чин ду адад таҷҳизоти муосири санҷиши сифат ва бехатарии лампаҳои каммасраф харидорӣ карда шуда, дар озмоишгоҳҳои метрологии дастгоҳи марказии Агентӣ ва Маркази «Тоҷикстандарт» дар  вилояти  Суғд насб  карда шуданд.

Ҳамзамон озмоишгоҳҳои санҷиши воситаҳои ченаки электромагнитии дастгоҳи марказӣ пурра аз таъмир бароварда шуда, бо воситаҳои ченаки намунавии дақиқи ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй муҷаҳҳаз гардиданд. Инчунин дар 12 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ озмоишгоҳҳои ташхисии бо таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонидашуда фаъолият дошта, шахсони ҳуқуқӣ ва  воқеӣ метавонанд дар маҳалли озмоишгоҳҳои минтақавии санҷиши асбобҳои ченкунӣ муроҷиат намоянд.

                                                               Марзия САИДЗОДА

Май 20, 2017 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд