29 май-Рӯзи байналмилалии неруҳои посдори сулҳи СММ

Май 29, 2017 16:19

ДУШАНБЕ, 29.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар саросари   ҷаҳон 29 май Рӯзи байналмилалии неруҳои посдори сулҳи  Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ (International Day of United Nations Peacekeepers) таҷлил мегардад. Ин сана аз соли 2002  бо Қарори Ассамблеяи генералии  СММ ҳамчун рамзи эҳтиром ба хизматҳои сулҳофарони неруҳои посдори сулҳи СММ ҷашн гирифта мешавад. Шурӯъ аз соли 2008 ин сана бо баргузории ҷамъомаду ҳамоишҳои гуногун  таҷлил мегардад.  Дар давоми мавҷудияти неруҳои посдори СММ дар сафи он беш аз як миллион  нафар сарбоз, полис ва кормандони мулкӣ хизмат намудаанд, ки  беш аз 3,4 ҳазор нафари онҳо дар нуқтаҳои  доғи  ҷаҳон зимни гузаронидани амалиёт ва  даргириҳо ҳалок гаштаанд.

Фаъолияти сулҳофарии  неруҳои сулҳхоҳи СММ  яке аз омилҳои  муассир ва калидии  идоракунии буҳрони  низомӣ дар саросари  ҷаҳон арзёбӣ мегардад. Дар ибтидо ҳайати сулҳофарони СММ 29 майи соли 1948  ҷиҳати назорати байналмилалӣ барои риояи созиш миёни Исроил ва кишварҳои арабӣ таъсис дода шуд.  Соли 1956  дар Шарқи Наздик, дар минтақаи Суэтс  муноқиша  сар зада, шиддат ёфт. Аз ин рӯ,  дар назди  ҳайати СММ бобати  аз Миср баровардани  неруҳои низомии Британияи Кабир, Франсия ва Исроил вазифаҳои масъулиятнок меистод. Либоси низомиёни неруҳои сулҳхоҳи СММ аз бисёр ҷиҳат ба либоси иштирокчиёни  муноқиша шабоҳат дошт ва дар шароити  ҳавои ғуборолуд чандон фарқкунанда набуд. Дар натиҷа неруҳои сулҳхоҳи СММ зери ҳамлаи неруҳои мисриён қарор гирифтанд.  Аз ин рӯ, ҳайати СММ ба қароре омад, ки либос ва кӯлоҳони неруҳои ҳомии сулҳро бо ранги нилгун –кабуди равшан, ки рамзи расмии СММ аст, ҳамранг созад. Ин иқдом ба неруҳои сулҳхоҳи СММ имкон дод, ки  амалиётро муваффақона анҷом диҳанд.

Аз соли 1948 неруҳои сулҳхоҳи СММ дар маҷмӯъ дар 71 амалиёт оид ба таъмин ва истиқрори  сулҳ  ва амният дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон ширкат намудаанд.  Ин аст, ки соли 1988  барои мардонагию шуҷоатмандӣ, ҷасорат ва гузаронидани амалиёти сулҳхоҳона  барои истиқрори сулҳ неруҳои   посдори сулҳи СММ  барандаи ҷоизаи ҷаҳонии  Нобелӣ  гардиданд.

Айни замон дар ҳайати неруҳои  посдори сулҳи СММ  тақрибан 125 ҳазор нафар  аз 123 кишвари узви СММ хизмат карда,  дар 16 ҳайат ҷиҳати   таъмин ва истиқрори сулҳ дар  қораи Аврупо, Осиё ва Африқо  иштирок менамоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон  узви комилҳуқуқи СММ аст,   аз ин рӯ намояндагони  Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои узви ин созмони муътабар  дар  давоми солҳои 2007-2014  дар ҳайати неруҳои посдори сулҳи СММ  ширкат доштанд.

Аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки 20 нафар намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар байни онҳо занон низ ҳастанд,  ба ҳайси полис  дар  Судон ҷиҳати ба эътидол овардани  даргириҳои байниқавмӣ, ба низом даровардани тартиботи ҷамъиятӣ,  ҳаракат дар роҳ дар ҳайати неруҳои посдори сулҳи СММ  дар зарфи солҳои 2007-2014 хизмат намудаанд. Донистани забони англисӣ, собиқаи панҷ соли корӣ дар мақомоти қудратӣ  ва баланд будани сатҳи касбият аз талаботи шомил гардидан ба ҳайати  неруҳои посдори сулҳи СММ мебошад. Ҳамзамон манбаъ иттилоъ дод, ки соли равон интизор меравад, ки  ҳайати СММ ба Тоҷикистон омада,  барои  интихоб намудани  намояндагони Тоҷикистон ба сафи неруҳои  сулҳхоҳи СММ  имтиҳон гузаронанд. Аллакай ҷиҳати  иштирок ба озмун 60 нафар кормандони Вазорати корҳои дохилии кишвар ҳуҷҷат супоридаанд.

Ҳамзамон нақши неруҳои посдори сулҳи СММ, намояндагони махсуси СММ  ва ҳайати нозирони  СММ дар солҳои ноамнӣ дар кишварамон бобати таъмини  истиқрори сулҳу амният, ба ҳам овардани гурӯҳҳои  даргиру разманда, баргузории  музокироти сулҳи тоҷикон,  баргардонидани гурезаҳо аз Афғонистон  калон аст. Имрӯз метавонем номи фиристодаҳо-намояндагони махсуси СММ-ро, ки дар солҳои муноқишаҳои дохилӣ  дар кишварамон фаъолият ва хизмат  намудаанд, ба забон орем. Инҳо Исмат Киттанӣ (Ироқ),  Рамиро Пирис Балон (Уругвай),  роҳбари ҳайати  СММ  дар Тоҷикистон Ливиу Бота (Руминия), Дарко Силович ( Хорватия)  ва намояндагони махсуси Котиби Генералии СММ   Герд Меррем (Олмон),  Ян Кубиш (Словакия), Иво Петров (Булғория), инчунин нозирони ҳарбӣ ба мисли генерал Ҳасан Абаза (Урдун),   Болеслав Исидорчик (Полша), Тенгку Ариффин Бин Муҳаммад (Малайзия) ва Ҷон Хвидегаард (Дания)  мебошанд.

 

                                                                    Марзия САИДЗОДА 

Май 29, 2017 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд