Абдуфатоҳи Ғоиб дар Пекин бо Роҳбари кулли Маъмурияти гумруки Чин мулоқот кард

Май 15, 2017 17:38

ДУШАНБЕ, 15.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. 14-15 — уми майи соли 2017 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми байналмилалии «Як камарбанд — як роҳ» баргузор гардид.

Дар ин бора аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар доираи барномаи сафари корӣ дар Форуми байналмилалии «Як камарбанд — як роҳ» вохўрии дуҷонибаи Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Абдуфатоҳи Ғоиб бо Роҳбари кулли Маъмурияти гумруки Ҷумҳурии Мардумии Чин Ю Гуанчжоу баргузор гардид.

Зимни мулоқот ва мубодилаи афкор ҷонибҳо доир ба масъалаҳои  расонидани кумаки моддию техникӣ, мубодилаи маълумоти гумрукӣ, масъалаи ташкил намудани намояндагиҳои гумрукӣ ва мубодилаи таҷриба, ҳамчунин масоили дигари тарафҳо ба мувофиқа расиданд.

Ҳамзамон дар ҷаласа самтҳои ҳамкорӣ оид ба иштироки фаъоли тарафҳо дар сохтмони «Як камарбанд — як роҳ», амалӣ намудани робита  ва дастрасии мутақобила дар соҳаи гумрук ва пешбурди муштараки «Робитаи ҷаҳон бо ёрии соҳаи гумрук», мусоидат ба музокирот оид ба имзои Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ ва кумаки мутақобила дар масъалаҳои гумрукӣ, иштироки фаъолона дар ҳамкории минтақавии гумрукӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи тайёр намудани мутахассисони касбӣ ва ҳамкорӣ дар нуқтаҳои гузаргоҳӣ муайян карда шуданд.

Дар интиҳои мулоқоти судманд тарафҳо ба мувофиқа омаданд, ки барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҳамкории дуҷонибаи судманд минбаъд низ ҷидду ҷаҳд хоҳанд кард.

 

 

Май 15, 2017 17:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад