Қабули қонуни танзим пасандози шаҳрвандонро аз 25 то 30 фоиз афзоиш дод

Май 22, 2017 15:14

ДУШАНБЕ, 22.05.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти унвони «Танзими расму оинҳо- рисолати азалии мардуми тоҷик» ҳамоиш доир гардид. Дар ҳамоиши мазкур кормандони Вазорат ва намояндагони зерсохтори он, инчунин намояндаи  Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур доштанд.

Намояндаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Муслиҳиддин Хоҷамиров қабули ин қонуни миллиро яке аз тадбирҳои муҳим ва манфиатбахши ҷомеа дониста, зикр намуд, ки қабули қонун барои шаҳрвандони мо то ин дам дастовардҳои зиёд ва натиҷаҳои назаррасу мусбат доштааст.

Ба гуфтаи Муслиҳиддин Хоҷамиров, ҳадафи қонун гирифтани пеши роҳи харҷи зиёдатӣ, кам кардани сатҳи камбизоатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва дигар ҳадафҳо мебошад. Омили асосие, ки сабаби қабули ин  қонун гардид, ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон буд. Ҳамчунин  дархости зиёда аз 20 ҳазор шаҳрвандони мо сабаби қабули қонун гардид. «Мувофиқи оморе, ки Вазорату идораҳо ба Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ пешниҳод кардаанд, хароҷоти шаҳрвандони мо дар вақти баргузории маъракаҳо 3 маротиба кам гаштааст. Баъд аз қабули ин қонун ҳамасола пасандози шаҳрвандони мо аз 25 то 30 фоиз афзоиш ёфта, сатҳи зиндагонии мардум хеле беҳбуд ёфтааст. Аз суҳбату вохӯриҳое, ки мо зимни сафарҳо дар ҳар минтақаи кишвар анҷом медиҳем ва мардум андешаҳои худро баён мекунанд, хулоса кардан мумкин аст, ки аҳолӣ аз қабули ин қонун зиёд хушнуд ҳастанд»,- афзуд дар идомаи суҳбат намояндаи Кумита.

Май 22, 2017 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид