Ҳафтаи театр дар Конибодом

Май 2, 2017 12:11

ХУҶАНД, 02.05.2017. /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба ҷашни 100-солагии Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Туҳфа Фозилова ва 85-солагии Театри давлатии драмаи мусиқии шаҳри Конибодом бо ибтикори ҳайати эҷодии театри мазкур шурӯъ аз 1 май дар шаҳр Ҳафтаи театр эълон гардидааст.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом иттилоъ доданд, дар доираи эълони ҳафтаи театр аз ҷониби ҳунармандони Театри давлатии драмаи мусиқии шаҳр ба номи Туҳфа Фозилова баҳри сокинону меҳмонони шаҳр шаш намоишномаҳои ҷолиб, чун «Модар-Ватан», «Суди девонагон», «Ваҳваҳабонувон», «Модар, ман зан мегирам» ва баҳри тамошобинони хурдсол «Маша ва хирс»-ро пешниҳод хоҳанд кард. Аз ҷумла, рӯзи аввали ҳафтаи мазкур бо намоишномаи «Қорӣ-Ишкамба» оғоз ёфта, он рӯз толори театр ҳаводорони зиёди санъатро ҷамъ овард.

Бояд гуфт, ки Театри давлатии драмаи мусиқии шаҳр ба номи Туҳфа Фозилова аз куҳантарин театрҳо дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Он соли 1932 таъсис ёфтааст. Тайи ин солҳо аҳли эҷоди театр фаъолияти пурсамар бурда, барои сокинону ҳаводорони ин санъати воло намоишномаҳои гуногуни баландмазмунро пешкаш  намудаанд. Ҳамчунин иштирокчии чандин озмуну фестивалҳо, аз ҷумла Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ дар кишвари Чин, Фестивали театрҳои касбии Осиёи Миёна дар шаҳри Лондон, Фестивали театрӣ дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон гардида, сазовори ҷойҳои намоён гаштаанд.

 

 

Май 2, 2017 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд